АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Юрий Михайлович ба гул таваҷҷўҳи бештаре зоҳир намуд ва ҳатто носипосии соҳибхонаро ҷуброн карад. Ў ба воситаи пурбин (лупа) тамоми тарафҳои гулро аз назар гузаронида гуфт, ки гулро на як бору ду бор кушодаанд.
Писари Кабиров, ки ҳамчун намояндаи хонадон дар кофтуков иштирок дошт, барои бори дигар кушодани он муқобилият накард. Шояд ў ҳам асрори хонаи падарро ки боиси ин қадар ғаму андўҳ гардида буд, донистан мехост…
Чун гулро кушоданд аз дохилаш лифофае берун омад. Дар он сурати афсари немис ва аскари қатории либоси сиёҳи низомидошта, ки пеши барашро ордени фашистӣ (крест) зеб медод, паҳлўи доре, ки духтараке овехта шуда буд, аксбардорӣ шуда буд.
Дар пушти расм бо ҳарфҳои зебои занона чунин навиштаҷоте ба чашм мерасид. «Ашевски рн. Псковски обл.
слева командир карателного взвода справа Астахов Сергей Павлович. Феврал 1944 года.»
Инчунин дар расм иловае буд: Архангелский, наш директор… Сорбони Ҳомид аз соҳибхона пурсид:
– Ин хатро мешиносӣ?
Ҷавон гунаҳкорона сар ба зер афканда гуфт:
– Иловааш бо дасти худораҳматии падарам навишта шудааст.
Ҳангоми бозгашт Сорбони Ҳомид лаҳзае автомашинаро пеши бинои почтаи марказӣ нигоҳ дошт
– Тенчӣ – мӣ? – пурсид Колеснитсин.
– Ҳа, тенҷӣ. Қариб фаромўш карда будам о, имрўз рўзи таваллуди падарам,– гўён ба тарафи бинои почтаи марказӣ ҳаракат кард.
Баъди чанде барқияи табрикӣ ба падараш фиристод…
Имрўз 18 май. Дар ноҳияҳои гирду атрофи шаҳр гандум қариб ба дарав омада буд. Бибиаш мегуфт, ҳамон рўзе ки падарат ба дунё омад, дар деҳа кишти гандум тамом шуд…
Ана, ёбу гир, чӣ сарзамине…
Ў манзараҳои зебои дараҳои Ағба ва Шопашангро пеши назар овард…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо