АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Мо чӣ хел Архангелскийро ба ин ҷо даъват мекунем, модоме ки ягон далели аниқ ба муқобили ў надорем. Аз гуфтаи шумо, Ҳамроҳ Қаюмович бармеояд, ки Сергей Павлович хоин аст. О, ин ба гуфтан осон. Агар мо ўро ба ин ҷо даъват намоему гуноҳашонро дайн карда натавонем сарамонро ба бод медиҳем,– гуфт Эмомов.
– Мефаҳмам ва маҳз дар ин ҷо мо барои он ҷамъ омадем, ки ҳамин масъаларо дар тарозуи ақл баркашем, мегўянд–ку ҳафт бор чен куну як бор бибур…
– Барои вақтро беҳуда сарф накардан мо аз ҳамин ҷо ба ду гурўҳ тақсим мешавем. Ба гурўҳи якум Холмурод Зарифӣ ва ба гурўҳи дуюм Сорбони Ҳомидро сарвар таъин мекунам. Гурўҳи якум манзили истиқоматӣ ва гурўҳи дуюм бўстонсарои Кабировро бояд ҷустуҷў намоянд. Чунон ҷустуҷў намоянд, ки…– ба суханаш хотима гузошт Эмомов.
… 49 …
Дар иштироки холисон ва писари Кабиров соати 11.20 дақиқа кофтукови бўстонсаро сар шуд…
Юрий Михайлович Колеснитсин, ки шомили ҳамин гурўҳ буд, чун заргари моҳир ҷустуҷўйро аз кабинети кории Кабиров, ки он шаби наҳс маркази зилзиларо мемонд сар кард.
Ў ҳама чизро бо навбат ба даст гирифта, баъди ташхиси дақиқ ба ҷояш мегузошт. Баъди ду соати кофтуков, ки дар кабинети мазкур ба ҷуз он гули дар девор овехташуда, ки соҳибхона бар хилофи ҳама дигар ашёҳо чангу гарди онро тоза накарда буд, ҳадафи ташхиси гурўҳи мазкур қарор гирифт. Дар гўшаи расм изи ангуштон дида мешуд ва аз рўйи чангу ғубораш бармеомад, ки на зиёдтар аз ду ҳафта пеш касе ба он боэҳтиёт даст расонидааст, вале аз чӣ бошад ки онро аз ҷой набардошта, бардоштан он тараф истад, ҳатто тоза накардааст. Ин ҳама эҳтиёткорӣ ва ё нисбати чунин расм, ки онро зеби хона номидан мумкин буд, таваҷҷўҳи кофтуковкунандагонро бештар кард. Маҳз агар расми чиканкардашудаи гул чун ҳама ашёҳои хонадон тозаву озода мебуд, диққтаи тафтишотро ҳам бедор намекард…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо