Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳунар дар ҳама давру замон тоҷи сари мардон аст, новобаста аз он ки ўро дар кадом мактаб аз худ кардаӣ. Маҳз истифодабарии гиреҳи мазкур ўро ба ташвиш овард ва барои дарёфти ягона шоҳиди он солҳои мудҳиш водор намуд.
Новобаста аз он ки дар ин муддат касе пишакашро пиш нагуфт ва ба суроғаш наомад, вале дилаш ором нагирифт.
Албатта, он расм дар хона мебуд ва ё зану фарзандонаш аз он хабардор мебуданд, то имрўз хомўш наменишастанд. Пас маълум мешавад, ки Кабиров дар ин бора ба касе даҳон накушодааст.Ниҳоят пас аз андешарониҳои зиёд ў ба хулосае омад, ки он расм аз бўстонсаро берун нест. Маҳз ба ҳамин мақсад ў имрўз соати 17.32 дақиқа аз манзили хеш берун омад…
… 51 …

Елена Александровна аз ташрифи ногаҳонии кормандони милиса дар ташвиш афтод. Ў ба хулосае омад, ки ҳамаи ташвишҳои мўйсафедаш аз ин диёри зебоманзар бе асос набуданд. Хост ба шавҳараш занг занад, вале аниқ ба куҷо рафтани ўро намедонист. Мўйсафед бошад аз худ дараке надод. Ниҳоят, соати 20 06 дақиқа ў ба сари аппарати телефон рафт ва хост ба ҳамаи шиносҳояш занг зада, аз шавҳараш пурсон шавад ва ба ин мақсад гўшаки телефонро бардошту дуд аз димоғаш баромад. Телефон кор намекард. Хост аз хонаи ҳамсоя рафта занг занад, вале худдорӣ кард.
Ташрифи милисионерон ва гум шудани садои телефон ташвиши ўро бештар кард.
Сергей Павлович дар кўчаҳои шаҳр хело қадам зад ва дар танҳоӣ ҳамаи тарафҳои амалиёти дар пешистодаро дар мизони ақл баркашид. Соати 19 53 дақиқа аз телефони автомати сари роҳ ба хонааш занг зад, вале ба ҷуз овози гуд, гуд дигар садоеро нашунид.
Ў боре ҳамроҳи сармуҳандис Бозор Ғафуров меҳмони бўстонсарои Кабиров, ки он солҳо вазифаи муҳандиси бехатариро ба ўҳда дошт гардида буд. Сараввал ў нафаҳмид, ки Ғафуров ўро ба бўстонсарои Кабиров мебарад ва чун фаҳмид дигар имконияти эътироз намудан набуд. Ба ҳар ҳол имрўз аз он ташрифи хеш хурсанд буд.

пешина
аз 416
навбатӣ