АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Лейтенанти калони милисаро як шабонарўз масъалаи дигаре низ ором намегузошт. Ин пеш аз ҳама он гиреҳе буд, ки гурўҳи фаврӣ аз гардани мақтул гирифта ба ташхис фиристода буд. Ҳарчанд ў худ он гиреҳро надида буд, вале ба хулосаи мутахассисон боварии куллӣ дошт. Худи мутахассисони соҳа иқрор шуданд, ки бори аввал чунин гиреҳро вохўрданд. Маҳз бо ёрии адабиётҳои соҳа инҳо ба хулосае омаданд, ки чунин гиреҳро дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон гитлерчиён ба онҳое нишон медоданд, ки барои диверсия ба мамлактаи мо мефиристоданд. Маълум мешавад, ки дар лагерҳои фашистӣ чӣ корҳоеро намекарданд. Наход гиреҳ намудан ҳам мактаби махсус дошта бошад.
Маҳз ҳамин чиз, аллакай, ба худкушӣ даст задани Кабировро инкор мекунад. Агар ў худкушӣ мекард, ҳеҷ гоҳ чунин гиреҳро баста наметавонист, чунки дар солҳои ҷанг кўдаки хурд буд.
Ниҳоят фикре ба сараш омад.
– Ист, лаҳзае дар ин бора андеша намо, – нидо омад аз қалбаш.
Бале, маҳз соҳиби ҳамон расми сеҳрнок метавонад чунин гиреҳро бандад. Агар дурусттар ҳисоб кунем, ҳоло ў аз 60 сола болост, фарз кардем чун ҳамин воизи имрўза Архангелский…
Ба ҳар ҳол аввал он расмро ёфтан даркор
–Дар куҷо мегардӣ? Ўро дидан замон пурсид сардори бахш Мирзоев.
– Ба ҷаноза рафта будам.
Мирзоев ки тайи ин ду соат аз суроғӣ ў ба ҷон расида буд, номи ҷанозаро шунида ором шуд.
– Ду соат боз Ҳамроҳ Қаюмович туро мепурсад, дигар ҷойи занг мезаданам намонд, о як даҳон гап зада мерафтӣ, намешуд?
– Ҳамон вақт шумо мебудед, ҳамроҳ мерафтем. Ман он қадар роҳи шуморо нигоҳ кардам, ки қариб аз ҷаноза ҳам қафо монам.
– Хайр шуд, акнун ба назди сардор рав.
Лаҳзае пас ў рухсат пурсида, вориди кабинети кории Қаюмов шуд. Сардори ШКД марди кулулаи қадпасти сиёҳҷурдае буд. Сорбони Ҳомид ҳамеша ўро дар либоси низомӣ дидан мехост.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо