АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Вай аз дур Ғиёс Назаровро дид. Хайрият, ки дар чунин рўз аз райъаш гашта барои видоъ омадааст,- аз дил гузаронд ў.
Дигар қариб ҳамаи мардуми ба ҷаноза омада барояш ношинос буданд. Духтараки либоси сиёҳпўше дада, дадаҷонам гуфта нола мекард. Ў ба ёд овард, ки Кабиров аз никоҳи аввал писару духтаре дорад. Садқаи давлати обод шавам, бубин дар байни якуним рўз онҳо аз Одесса ба ин ҷо омаданд. Охир ба мардум боз чӣ намерасад, ки қасди ҷони якдигар мекунанд, ҳарчанд аз қафои маҳрум сухани носазое гуфтан гуноҳ аст, вале худораҳматиро ба гумонам нафси бад…
– Шумо ҳам ҳамин ҷо?
– Бо амри тақдир боре аз суҳбати худораҳматӣ баҳра бурдам ва чун ҳар як фарди мусулмон барои ба манзили охират гусел намуданаш омадам, илоҳо ҷояш ҷаннат шавад.
– Омин.
– Алӣ –тоҷик ҳам омин гуфта илова кард, ки дар ҳамин наздикӣ истиқомат дорад ва ҳатто дар куҷо будани хонаашро ҳам гуфта дод.
– Ҳарчанд дар донишгоҳ як пиёла чойро бе ҳам намедиданд, вале баъди хатми он аз ҳоли якдигар хабар надоштанд ва вохўрии аввалинашон дар чунин муҳит ба вуқўъ пайваст.
Баъди ҷаноза рост ба идора омад. Албатта, дўсташ Алӣ – тоҷик ўро ба меҳмонӣ таклиф кард, вале таклифи дўсташро рад намуда гуфт, ки аз кор соате рухсат пурсидааст ва албатта, ягон рўз ба меҳмонӣ меояд.
Ў дар роҳ суҳбати ду мардеро дар сари манзили маҳрум ба ёд овард.
– Медонӣ чӣ?–гуфт яке.
– Чиро?
– Ҳамон марде ки ўро писар гуфта гиря кард, то вазорат даву тоз карда курсии мансабашро ба худораҳматӣ дода буд, солиёни зиёде мо дар ҳамсоягии худораҳматӣ зиндагӣ карда, боре ҳам ўро ин ҷо надидем. Ба фикрам онҳо ягон муносибати наздике ҳам надоштанд.
– Муносибати наздик доштанд ё не, вале мўйсафед аз самими қалб сухан гуфт ва гиря кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ