АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Гурўҳи фаврӣ–тафтишотӣ ба ҷойи ҳодиса омад. Ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса ресмони аз гардани мақтул гирифташударо ҳатто накушода ба ташхис фиристоданд.
Сорбони Ҳомид субҳ сари роҳ мактуби дишаб навиштаашро ба қуттии почта партофта, ба идора омад. Фаҳмид, ки ҷинояткор боз ҳам пешдастӣ кард. Шояд Кабиров акнун сирри он расмро ба худ ба гўр бурд. Чӣ расми касоде дар байни аз ду
– се ҳафта хуни ду нафарро рехт.
Ҳодисаро ҳар кас ба таври худ шарҳ медод.
Ба ғайр аз доираи хурди кормандони тафтишот, ки муддати зиёда аз ду ҳафта бо Кабиров ва ҳодисаи шаби 28– ум ба 29– уми апрел дар бўстонсаро рухдода сару кор доштанд, дигарон назарияи аввала – худкуширо ҳимоя мекарданд.
Дар нимаи дуюми рўз аз ташхисгоҳ хабар доданд, ки чунин гиреҳро дар таҷрибаи хеш бори аввал вохўрдаанд. Бинобар ин онҳо ба адабиётҳои дар ин соҳа мавҷудбуда рў оварданд ва хайрият, ки натиҷаи меҳнаташон зоеъ нарафт. Бастани чунин гиреҳро дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон ба гурўҳҳои диверсионие, ки ба мамлакати мо фиристода мешуданд, меомўхтанд…
– Ана, ёбу гир,– аз дил гузаронд Сорбони Ҳомид. Ва дар нимаи дуюми рўзи 13 май ба заводи шарбатбарории шаҳр рафт. Рафту чизеро муайян карда натавонист, чунки ҳамаи ҳайати роҳбарикунандаи завод барои ҳамдардӣ ба хонаи Кабиров рафта буданд…
Вақти бараҳна гуфтан аст, ман ба киноя гуфтам,
Худ ту бигў куҷо барам ҳамнафасони хомро.
Вақте ки ў ба хонаи Кабиров омад маросими видоъ бо маҳрум сар шуда буд.
– Алвидоъ, писарам, ҷоят ҷаннат шавад,– гўён оби чашмонашро бо рўймолча пок карда, ба маросими видоъ хотима гузошт марди аврупоие.
– Ин мард кист? – пурсид ў аз марди дар паҳлўяш буда.
– Собиқ директори завод Архангелский Сергей Павлович.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ