АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Баъди як соат ҳозирин маҷлисгоҳро тарк карданд. Сорбони Ҳомид аз чӣ бошад, ки боз ҳамон ҳайкалчаи лашкаркаши бузургро пеши назар овард.
…Вақте ки қўшунҳои рус Москваро бе ҷанг монда рафтанд, сарлашкар Михаил Илларионович Кутузов гуфта буд:
«Аз даст додани Москва ин маънои аз даст додани Росияро надорад. Армияро эҳтиёт бояд кард»… Сорбони Ҳомид лакоту хаста ба хона омад.
Мегўянд, ки моргазидаро хоб мебараду гуруснаро не. Лейтенанти калони милиса ба мондагии хеш нигоҳ накарда, гўрусна буданашро ҳис кард. Ў чой монд. Дар сари дастурхон ҳаёти муҷаррадии хешро пеши назар оварда ба хулосае омад, ки бо чунин аҳвол зиндагӣ душвор аст. Баъди тановул ў қаламу коғаз гирифта, ба мактуби падараш, ки даҳ рўз пеш гирифта буд, ҷавоб навишт. Азбаски дигар аз Шарифа бўйи умеде намонда буд, ў ба фикри волидайнаш розӣ будани хешро иброз намуд. Сипас, коғазро чорқат намуда, ба лифофае ҷо карда, онро маҳкам кард. Суроғаи падарашро болои лифофа навишта, онро пеши оинаи даҳлез монд то сари субҳ ҳангоми ба кор рафтан ба қуттии почта партояд…
… 47 …
– Дар ин бевақтӣ ба куҷо? пурсид Оиша аз ҳамсараш.
– Камтар корам ҳаст.
– Он қадар зарур, ки дар ҳамин ними шаб (ақрабаки соат
22 05дақиқаро нишон медод) баҳри иҷрояш равӣ, наход то пагоҳ сабр кардан имконият набошад?
– Ҳамаи тохтузои ман ба хотир туву бачаҳост, ҷонакам,– гўён ў аз хона берун шуд…
Лаҳзае пас аз рафтани шавҳар чашми ҳазини зан парид.
Тамоми шаб Оиша мижа таҳ накард, вале аз шавҳар дарак набуд. Агар Мухтору Мадина намешуданд, шояд ба ҷустуҷўи шавҳар мебаромад…
Сари субҳ аз ғалоғулаи ҳамсояҳо бедор шуда берун баромад. Ҳама чашмашонро аз ў мегурезониданд. Дар ҳамин лаҳза автомашинаи милиса ҳам расида омад. Ва ниҳоят ў ҷисми беҷони шавҳарро байни ошёнаи якуму дуюм дар ресмоне овехта дида, нолаи ҷонхароше кашид…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ