АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Рафти тафтишот ҳаракатҳои меҳмон аз Осетияи Шимолиро низ ғалбел намуд. Бо назардошти он ки Зўҳро Маҳмадовна аз рафти воқеаҳо танҳо баъди анҷомёбиашон огоҳ шуда буд, ҳаракатҳои ўро ҷуз пинҳон намудани ҷиноят дигар хел ба қалам дода намешуд. Бинобар ин тафтишот ўро ба ҳабс нагирифта, ҳамчун чораи пешгирӣ бо забонхат барои ҷойи зисташро тарк накардан Аршиеваро ҷавоб дод. Акнун ў имконияти пурра дошт, ки дар хонаи холааш меҳмон шавад…
Новобаста аз он ки ҳамаи гурўҳи ҷинояткор рўйи об баромад ва онҳоро ба ҳабс гирифтанд, вале ба рафти ҳодисаи дар бўстонсарои директори заводи шарбатбарории шаҳр нукта гузоштан ҳанўз барвақт буд. Маҳз маҷлиси якҷояи гурўҳи тафтишотии милиса ва прокуратураи ноҳияи Сарчашма ҳамин масъаларо мавриди баҳс қарор дод. Маҷлис ба соати 2130 дақиқаи рўзи 12 май мононда шуд.
То соати 21 30 дақиқа ба таъхир андохтани маҷлис ин маънои ваколати хешро нишон додани сардори ШКД Қаюмов набуд. Албатта, то вақти маҷлис гурўҳи тафтишотӣ метавонист, ки пурсиши Зубайдов ва Аршиеваро ба итмом расонад ва худаш ҳам айнан ҳамин хел шуд. Ҳатто муфаттиш Зарифӣ ва ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ лейтенанти калони милиса Сорбони Ҳомид баъди пурсиши Аршиева ва ҷавоб додани ў фурсати тановули шом наёфта, рост ба маҷлис даромаданд.
Маҷлис дар соати таъиншуда оғоз шуд. Дар кори он ба ҷуз подполковники милиса Қаюмов, инчунин прокурори ноҳия Эмомов иштирок намуда, фикру андешаи хешро роҷеъ ба куштори дар бўстонсарои Кабиров рухдода иброз намуд.
Прокурор қайд кард, ки чунин ҷинояти вазнин маҳз дар натиҷаи амалиётҳои якҷояи милиса ва прокуратура кушода шуд. Ва чӣ хеле, ки аз нишондодҳои Давидова, Сабуров ва Малсагова бармеояд, маҳз сабаби сар задани ҳамин ҷинояти вазнин ин ҳам расми сеҳрнокест, ки ба воситаи он Кабиров ба таҳқири касе даст задааст.
– Ба фикрам то марра наздикем. Фардо субҳ Кабировро оварда, дар бораи он расм пурсон шавед, агар натиҷае ба даст наомад, ман ба кофтукови манзили истиқоматӣ ва бўстонсарои ў розӣ ҳастам. Аз таги замин ҳам бошад он расмро пайдо намоед,– ба суханаш нуқта гузошта гуфт Эмомов.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ