АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Кадом саг, чиҳо гуфта истодаӣ мардак?
Ў ки саргарми ин суҳбати на чандон барояш мароқовар буд, ҳатто ба хона даромадани ҳамсарро пай набурд ва суханро ҳатто аз ғазаб бо овози баланд гуфт.
Елена Александровна ҷўёи суоли хеш буд ва таи солҳои зиндагии якҷоя ў ба хулқу атвори ин зани резапайкар, ки иродаи қавӣ дошт қоил шуда буд.
– Ҳа, ман дар омади гап ҳамин хел гуфтам.
Аз чӣ бошад, ки зан бори аввал пой аз рикоб берун овард.
Шояд инро ҳам яке аз он инҷиқиҳои охири шавҳар пиндошт ва нахост, ки ў боз масъалаи аз ин диёр кўч бастанро ба миён гузорад.
Вақте ки Елена Александровна аз нав ба ошхона рафт, ў гуфтугўяшро бо Қамар Абдулғаниевич бори дигар дар тарозуи ақл баркашид ва ба хулосае омад, ки ба ҷуз аз байн бардоштани ў чораи дигаре нест…
Дар лагерҳои фашистӣ ба онҳо бастани гиреҳҳои гуногунро ёд медоданд. Ин аз он хотир буд, ки қисме аз онҳоро аз нав ба ақибгоҳ ба сарзамине, ки онҳо тарк карда буданд мефиристоданд, то дар сарзамини хеш дар он ҷое ки хуни нофашон рехта буд, корҳои диверсиониро ташкил намоянд. Ҳарчанд ба ў муяссар нашуд, ки бо чунин супориш (миссия) ба ватан баргардад, вале чанде аз бастани он гиреҳҳо ва партофтани ҳалқа дар ёдаш монд…
– Ду рўз боз худро чунин далер мегирифтию боз чӣ балот расид?
– Гуфтам ку «вақти саг ки сар кард…»
– Боз як хуни ноҳақ…
– Чаро ноҳақ будааст, охир ўву падараш хуни маро хўрданд ва ба гург бо забони худаш гап задан лозим.
– Агар ба хунрезӣ мешуд…
– Ман он қадар хун рехтам, ки инаш аз сад як ҳиссаро ташкил намекунад.
… 46 …
Пурсиши Зубайдов дар рафти тафтишот тағйироти куллиеро ба вуҷуд наоварда бошад ҳам, вале ўро ҳамчун ҳамиштирокчӣ дар ҳар се ҷиноят арзёбӣ намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ