АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Маҳз ҳамин либос ўро андак босалобаттар нишон медод. Дар либоси ғайринизомӣ бошад…
Дар байни ҳайати шахсӣ нисбати сардор чунин мегуфтанд.
Боре як рафиқаш, ки дар намуд чун ў сиёҳчурда будааст, аз ў хоҳиш кардааст, ки Ҳамроҳҷон, биё ҳамроҳ ба Росия тамошо равем.
Ҳамроҳ Қаюмович, ки марди зиндадил ва зарофатгўест сухани дўсташро рад карда гуфтааст, ки ман ҳеҷ гоҳ ба мамлакати сафедпўстон намеравам.
– Чаро?
– Чунки худи мо объекти тамошо хоҳем шуд.
– Пас мо ба куҷо бояд равем?
– Ба Африка.
Ин ҳама дар зоҳир ва мардеро чун Қаюмов Сорбони Ҳомид бо чунин ботини пок надида буд.
Сардор ки имрўз дар либоси ғайринизомӣ буд, дар кабинети кории дарозрўя, дар паси мизи калоне базўр ба чашм метофт.
– Агар ман ба ҷойи ў мешудам, ҳатто шаб ҳам либоси низомиаро намекашидам,– аз дил гузаронд ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ.
Сардори ШКД, ки машғули навиштан буд, айнакашро болои миз гузошта гуфт:
– Хайрият меомадед.
– Сабаби дер омаданамро ба Мирзоев гуфтам.
– Муҳимаш он ки омадед, марҳамат шинед, – курсиеро нишон дода гуфт сардор.
– Ҳама кор расво шуд – ку, то ҳанўз як ҷинояташ накушода, дуюмашро ба сарамон овардед, – баробари ба курсӣ нишастани Сорбони Ҳомид гуфт сардори ШКД.
– Ман ҳам ҳайрон, рафиқ подполковник. Охир, бо супориши шумо субҳи дирўз ўро бояд ба милиса меовардем ва дар бораи он расм пурсон мешудем.
– Шояд дар рафти тафтишот ба ягон хато роҳ додед?
– Ба фикри шумо ҷинояткор дар бораи ба милиса даъват шудани Кабиров огоҳ шуда, барои ошкор насохтани сири хеш ўро ба қатл расонидааст.
– Ман чунин мешуморам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо