Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба фикри ман ҳамин як назарияро дошта истодан кифоя нест. Рафту экспертиза хулосае диҳад, ки нақши ангуштони Сабурову Зубайдов бо нақши ангуштони аз ҷойи ҳодиса, ки шаби 28– ум ба 29– ум апрел гирифта шудаанд монанд нестанд, пас чӣ кор мекунем?
– Гапи шумо ҳам ҷон дорад, рафиқ капитан, вале аз рўйи плани корҳои фаврӣ ҷустуҷўйӣ мо панҷ назарияро пешниҳод кардем ва планро худи шумо назди сардор бурда тасдиқ намудед. Илова ба он рўзи 8– уми май мо дар ин бора плани иловагие тартиб додем, ки мувофиқи он назарияи наверо дар бораи ҳодисаи куштор дар бўстонсарои директори заводи шарбатбарории шаҳр пешниҳод намудем. Назаряи нав аз он хотир буд, ки Сабуров коргари заводест, ки Кабиров сарвараш аст ва боварии комил дорам, ки ў аз рафтани Кабирову ҳамсараш ба Исфара бохабар буд.
– Гўш кун рафиқ лейтенанти калон, дар ин ҷо боварии ману шумо роли ҳалкунандаеро намебозад ва мо барои боварии хеш шуда наметавонем бо тақдири кас бозӣ кунем.
– Азбаски оид ба ҳодисаи куштор мо аз рўйи шаш назария кор карда истодаем, то натиҷаи экспертизаро гирифтан назарияи иловагӣ ё худ шашумро инкор карда наметавонем.
Дар ҳолати аз экспертиза ҷавоби манфӣ ҳам гирифтан ман назарияи иловагиро аз истеҳсолот намебарорам!
– Чаро?
– Рафту Сабурову Зубайдовро ҳамроҳе бошаду ў ҳоло дар озодист?
– Охир аз бўстонсаро ягон чизро набурданд, ба ҷуз он ҳайкалчаи дўстдоштаи Кабиров. Ҳайкалча бошад аз афташ яроқест, ки ин ҷинояти мудҳиш содир шуда ва агар ҷинояткор каме таҷрибаи зиндагӣ дошта бошад, ҳоло кӣ медонад, ки онро ба куҷо партофтааст.
– Шахсе, ки ҳайкалчаро бурдааст, агар таҷрибаи зиндагӣ медошт ҷиноят содир намекард.
Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Сорбони Ҳомид боз ба кабинети кориаш баргашта, аз говсандуқ папкаи коғазинеро баровард, ки дар болояш «Ҳуҷҷатҳо оид ба парвандаи ҷустуҷўйӣ нисбат ба қатли Файзуллоева С.А.» навишта шуда буд.

пешина
аз 416
навбатӣ