АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

То ҷое ки ў медонад Руслан аз ҳамсари дуюмаш боз ду писар дорад, вале ў бошад…
Баъди рафтани Расул ў ба айшу нўш дода шуд ва охири охирон ин роҳ ўро то худи ҳамин камера овард…
Зўҳро Маҳмадовна ба нишондоди аввалааш, ки рўзи якшанбе дода буд, дигаргуниеро ворид насохт. Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ҳолатҳои ба амал омадаро баррасӣ карда, ўро пеш аз ҷавоб додан огоҳ сохт, ки ҷойи зисташро бе рухсати милиса тарк накунад.
– Чӣ ман ба Орҷоникидзе рафта наметавонам.
– Метавонед, вале агар тафтишот лозим шуморад маҷбуред, ки гашта биёед. Аз ин рў, хуб мешуд то ҳалли худро ёфтани ин масъала боз каме сабр кунед.
– Рафту ман аз тафтишот пинҳон шавам –чӣ?
– Ин танҳо бар зарари худи шумост, охир, агар шумо бе гуноҳ бошед чаро пинҳон мешудед?
– Хуб шудааст. Ман аз хонаи холаам, ки суроғааш ба шумо маълум аст, ба ҷое намеравам.
Пас аз рафтани Аршиева Сорбони Ҳомид ба кабинети шафт гузашта ба сардори бахш Абдулло Мирзоев фикру ақидаи хешро дар бораи рафти тафтишоти минбаъда иброз намуд.
– Капитани милиса чун ҳамешагӣ ўро бо диққат шунида гуфт:
– Ин хеле хуб аст, ки шумо корҳои ҷустуҷўиро дар арафаи анҷомёбӣ мебинед. Ба фикрам гумонбаршудагон баъди оне ки ин субҳ Эмомов қарорро дар бораи ҳабс намуданашон имзо гузошт, кўшиши зиёде ба харҷ хоҳанд дод, ки бо ҳамин ҷиноятҳои содиркардаашон анҷомида ҳисобед ва бе далели аниқ онҳо ҳодисаи дар бўстонсарои Кабиров рухдодаро ҳаргиз ба зимма нахоҳанд гирифт.
– Барои ҳамин аз шумо мепурсам, ки ба ЭКО занг, зада натиҷаи муқоисакунии нақши ангуштони дасти Сабуров ва Зубайдовро бо нақши ангуштони аз бўстонсарои Кабиров гирифташуда метезонидед.
– Ман-ку занг мезанам, вале соате пештар Ҳамроҳ Қаюмович дар ин бора ба сардори ЭКО занг зад. Ба ў ваъда доданд, ки то фардо субҳ ҳамаи корҳоро ба сомон хоҳанд расонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё