Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Лейтенанти калони милиса ба хондани бархе аз варақаҳои дохили он, ки рўз аз рўз ғафстар мешуд пардохт. Маҳз дар ду нишондоди дугонаи марҳум дар бораи кадом як расми сеҳрнок гап мерафт.
Ҳарчанд муфаттиши прокуратура Холмурод Зарифӣ директори заводро пурсида бошад ҳам, вале дар бораи он расми сеҳрнок ҳарфе набуд. Тарафи дигари масъала дар он буд, ки дар бораи он расм ҳарчанд ба таври ростхата ҳам набошад, вале мустақиман Фотима Малсагова ҳам хабардор буд. Маҳз ҳамин расм дар атрофи Кабиров ва Малсагова ҳалқаеро ба вуҷуд оварда буд, ки то ҳанўз пурра пайваст нашудааст.
Ў саргарми кор шуда чӣ тавр торик шуданро пай набурд.
Вақте ки ба берун баромад, аллакай, шом фаро расида буд.
Осмонро абрҳои сиёҳ печонида буданд. Чӣ хуб мешуд агар борон борад. Аз чӣ бошад, ки боз деҳаро пеши назар овард.
Марди деҳқон дар ин шабу рўз чашмаш ҳасту борон. Файзи дастурхони деҳқон аз борони саривақтист ва абрҳои имшаба, ки чун муждае аз омад–омади борон буданд, ба дили ў як фараҳи бепоёне овард.
Бобояш ҳамеша мегуфт, ки борон раҳмати парвардигор аст ва кошки ҳамин борони раҳмат меҳнати марди деҳқонро қадр кунад. Ў бо ҳамин фикру хаёл чӣ тавр ба истгоҳ омада, ба автобус нишастанашро нафаҳмид. Вақте ки ба хона омад, аввалин қатраҳои борон ба рўяш заданд. То саҳар борон борид…
Субҳи баҳорӣ баъди борони шабона чӣ таровате дорад.
Вақте ки Сорбони Ҳомид сари субҳ ба кор омад, пардаи абр дарида аҳён –аҳён рўшноии офтоб ба замин мерасид. Маҳз ҳамин рўшноӣ ба гулу майсаҳои аз борони шабона таршуда расида, як ҷилоеро ба амал меовард. Шояд аз ҳамин рў бошад, ки мардум ба фарзандонашон Шабнам ном мегузоранд…
Ҳанўз соат даҳ нашуда Юрий Михайлович Колеснитсин вориди кабинети ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ шуд. Ў хулосаи экспертизаи дактилокопиро ки сари субҳ аз ЭКО гирифта буд, болои мизи Сорбони Ҳомид гузошта гуфт, ки лейтенанти калон як зиёфат аз ў қарздор шуд.
– Хуш чӣ хел?

пешина
аз 416
навбатӣ