Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар бораи куштори Файзуллоева гуфт, ки чун ҳама дигар коргарони завод рўзи дигар вақте, ки кадом як милисионер ба завод омадааст хабардор шуд. Ў Сорбони Ҳомидро бегоҳи шаби якшанбе дар хонаи Малсагова дида шинохт ва маҳз барои ҳамин корнамоии профессор Плейшнерро такрор карданӣ шуд, вале ҷонаш ширинӣ карду аз райъаш баргашт.
Ҳарчанд Зарифӣ ва Сорбони Ҳомид кўшиданд, ки матлабе дар ин самт ба даст оранд, вале натавонисанд.
– Крепки орешка, – пас аз бурдани Сабуров гуфт муфаттиш. Бубин, лаънатӣ чӣ хел гуноҳи дирўзаашро ба гардан гирифт, гумон дорад, ки мо шефтаи ҳамин нишондоди ўем. Мехоҳад, ки бо ҳамин ҷонашро халос кунад. Ё гумон дорад, ки барои милисаро зада маъюб карданаш дар маҳбас ном гўяд? Ҳарчанд дар маҳбас набудааст, вале қоидаро медонад.
– Мегўянд, ки бо моҳ шинӣ моҳ шавӣ бо дег шинӣ сиёҳ шавӣ, шояд бо онҳое шишту хез доштааст, ки нисфи умри хешро дар маҳбас гузаронидаанд…
– Шояд…
– Личный состав на построении! – садо додани овози навбатдор ба воситаи радиои дохилӣ ба суҳбати минбаъдаи муфаттиш ва ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ нуқта гузошт.
Зарифӣ бо ҳамсуҳбаташ хайрухуш карда ба тарафи хонааш ва Сорбони Ҳомид ба майдончаи назди шуъба ҳаракат карданд.
Ҳамроҳ Қаюмов ҳамаи ҳайати шахсии шуъбаро ба иди Ғалаба табрик намуда, аз рўйи плани тартибдодашуда ҳамаро барои нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ сафарбар кард. Сорбони Ҳомид, ки имшаб аъзои гурўҳи фаври тафтишотӣ, буд дар идора монд.
… 35 …

Субҳи 9 май Сергей Павлович Архангелский дар қатори дигар шахсоне, ки баҳри ҳимояи Ватан дар ғалабаи бузург саҳм гузоштанд, садри маҷлис буд. Аслан ў дар минбар борҳо ба меҳнаткашони ба намоиш баромада дастфишонӣ намудааст.
Аз чӣ бошад, ки солҳои пеш ва ҳоло ҳам мекўшид, ки дар сафи аввал наистад.

пешина
аз 416
навбатӣ