АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Ҳарчанд марди нуронӣ буд, вале худнамоиро хуш надошт.
Ин саҳар ба митинг рафтанӣ набуд, аммо сари субҳ Елена Александровна аз нав хотиррасонаш кард, ки ҷонишини раиси ҳукумати шаҳр занг зада хоҳиш кардааст, ки аз митинг қафо намонад. Ба митинг рафта истода дилаш хиҷил буд. Маҳз дар чунин рўз ў орзуи дидани дидори номуборакеро надошт.
Баробари анҷоми митинг хост ҳарчӣ тезтар ба хона равад, вале аз рў ба рўяш Кабиров баромад…
– Ид муборак Сергей Павлович!
Ў ҳис кард, ки ин табрикот на аз самими қалб, балки киноя аст, аз ин рў, гуфт:
– Салом.
– Корҳо чӣ хел, он масъалаи мо чӣ хел шуд?
– Гўш кун ман аз ин манзил ба ягон ҷо рафтанӣ нестам, хонаҳоямро ҳам агар фурўшам танҳо ба ту не. Метавонӣ, ки худи ҳозир он расмро гирифта ба куҷое, ки лозим аст бурда супорӣ,– гўён хайрухушро нася гузошта роҳашро давом дод.
Инашро ў интизор набуд. Мақоли хуби русие ба ёдаш омад: «Испуганого не пугают». Ў боз хело аз қафои сайдаш нигариста, бо дили шикаста роҳашро давом дод…
Дар нимаи дуюми рўз баъди гузаронидани ҳамаи чорабиниҳои идона Сорбони Ҳомид ба ҷойи вохўрӣ шитофт.
Тахминан баъди панҷ дақиқаи интизорӣ ў аз дур Шарифаро дид, ки ба тарафи ў меомад. Аз ин вохўрӣ ў бо дили шикаста баргашт. Тамоми роҳ суханони Шарифа:
–Ман ҷуфти шумо шуда наметавонам, чунки аллакай, як никоҳро дидаам, дар гўшаш садо медод. Дар ҳақиқат ў саргузашти Шарифаро шунида аз чӣ бошад, ки дилаш ба ҳоли ў сўхт. Мегўянд, ки оне ки як бор ҳангоми ширро нўшидан сўхтааст, минбаъд дўғро пуф карда менўшад.
Шарифа аз рўзи аввал, аз нигоҳи ҳамсабақаш пай бурда буд, ки ба ў чун ба харидор менигарад ва имрўз ин суханони Сорбони Ҳомидро бо гўши хеш шунида, худро ба даст гирифта, ҳақиқати ҳолро гуфта дод, ба қавле ба вохўриҳои минбаъда нуқта гузошт.
Ў боз ҳамон хонаи бачагони гарнизон ва симои Валяро пеши назар овард. Валя мураббии гурўҳи бачагони шашсола буд. Гурўҳ дар ошёнаи дуюм ҷо гирифта. Бачаҳои ин гурўҳро нисбати хурдсолон андак дертар мегирифтанд, ки ин танҳо ба манфиати дилдодагон буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё