АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Албатта, Бобоков ва Иброҳимов чӣ тавр ба таҳхона бурда пинҳон кардани ҷомадонро надиданд, чунки онҳо аз дур хонаро назорат мекарданд.
… 34 …
Шарифа дар вақти таъиншуда ба ҷойи вохўрӣ омад, вале аз ҳамкурсаш дарак набуд. Кори хуб нашуд, бояд ҳамон рўз ба ў мефаҳмондам, ки ман кистам. Дар он сурат, албатта, ин вохўриро ҳам таъин намекард. Хайрият Сорбони Ҳомид гуфта буд, ки агар рафту дар идора ягон коре барояду омада натавонад, баъди ду рўз яъне 9 май дар ҳамин вақту соат дар зери ҳамин муҷассамаи бузург боз ўро интизор мешавад.
Ниҳоят дилаш сард шуду ҷойи вохўриро тарк кард…
Охир ў аз куҷо медонист, ки Сорбони Ҳомид дар ин рўзи якшанбе чунон пойбанди кор аст, ки… Не, ў инро намедонист ва фаҳмида ҳам наметавонист, ки милисаҳо ҳамеша дар хизмати халқу Ватананд. Барои инро фаҳмидан бояд худ ва ё ягон авлоди наздикат милиса бошад.
Субҳи рўзи душанбе баъди анҷоми дарси тарбияи ҷисмонӣ Сорбони Ҳомид аз стадион рост ба прокуратура рафт.
Холмурод Зарифӣ ўро дида, аз натиҷаи корҳояш пурсон шуд.
Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ муфаттишро аз рафти воқеаҳои ду рўзи охир огоҳ сохта, фикру ақидаи хешро дар бораи ҳодисаи дар бўстонсарои директори заводи шарбатбарорӣ рухдода иброз намуд.
Худи ҳамон рўз нақши ангуштони меҳмонони хонаи Малсаговаро барои муқоисакунӣ (идентификатсия) ба ЭКО –и ВКД ҷумҳурӣ фиристоданд.
Дар нимаи дуюми рўз Зарифӣ ба ШКД омад ва дар кабинети корӣ Сорбони Ҳомид ба пурсиши Сабуров оғоз намуд. Тоҳир Наъимович, ки рўзи гузашта худро дар ҳузури Нидоев мусичаи бегуноҳ тарошид, имрўз ба сари милисионер Ҳотамов зарба заданашро ба зимма гирифт. Ба саволи муфаттиш, ки пурсид асбобе, ки ба сари нозири минтақавӣ зарба задӣ дар куҷост, посух дод, ки онро дар роҳи калон партофтааст ва ҳатто ҷойи аниқи партофтанашро дар ёд надорад…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё