Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Худораҳматии бобояш мегуфт, ки дурўя ва хушомадгўйҳо дар ҳарду дунё русиёҳ мемонанд. Боз таъкид мекард, ки меҳнат русурхии одам аст. Нашрияҳои даврӣ бошад, ҳамин суханони бобояшро дар шакли дигар: «Меҳнат шараф аст» ба қалам медоданд. Ў ҳайрон буд, ки чаро нашрияҳо аз он дуруягӣ ва фисқу фасоди баъзеҳо ҳарфе намегўянд. Баъдтар ба ин ҳам сарфаҳм рафт, чунки табақаҳои болои маҳз бо ёрии чунин шахсони дурўя курсии мансаби хешро нигоҳ медоштанд ва нашрияҳо ҳам дар хизмати чунин табақаҳо буданд.
Бобояш мегуфт аз таҳти дил меҳнат кун ва агар нотавонбинон меҳнати туро қадр накунанд боке нест, рўзе мерасаду халқ сиёҳро аз сафед фарқ мекунад. Туро ки нашинохтанд, Худо туро шиносад…
– Хуш, чӣ хел?- баробари ба хона даромадани Зўҳро пурсид Фотима.
– Ман ҳеҷ чиз нагуфтам, диданд, ки намешавад гуфтанд рав.
– Молодец мне кажется этот милисионер вообще лапух.
– Я бы так не сказала, вроде он очень умний парен.
– Умний, умний не стал бы отпустить нас, мы вед всё знаем а он отпустил нас.
– Может это до пари и времени потом опять вызовут.
– Небоспокойся парни очень крепкие и они в обиде нас не дадут.
– Дай бог.
– Дай бог!
Фотима Малсагова баробари ба хона омадан ҳамаи майда
– чўйдаҳое, ки вақтҳои охир Сабуров оварда буд, дар ҷомадони кўҳнае ҷо карда, ҷомадонро ба таҳхона бурда, дар байни ашёҳои нодаркор, ки зери чанг мехобиданд, пинҳон кард.
Вақте ки Аршиева омад ҳамаи корҳояш, аллакай, тахт буданд, бинобар ин ҳам ў чунин ҳавобаланд буд.
– Ҳамааш нағз мешавад, эҳтимол бачаҳо ҳам ҳамин замонҳо расида биёянд. Ман ниҳоят гурусна мондам, вале бе шумо об дар гулўям нагузашт, – гўён Малсагова меҳмонро ба ошхона бурд.

пешина
аз 416
навбатӣ