Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зуҳро Маҳмадовна гуфт, ки ду шаб пеш Зубайдов соатҳои бисту чор ба хонаи Фотима омад, ин ҳамон шабе буд, ки Ҳотамовро бо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ ёфта, ба беморхонаи шаҳрӣ бурда буданд. Аз ҳама аҷибаш ин аст, ки Сабуров ва Зубайдов шаби 28-ум ба 29-уми апрел соатҳои яки шаб ба хонаи Малсагова омадаанд, ин ҳамон шабест, ки дар бўстонсарои директори заводи шарбатбарори шаҳр Кабиров куштор рух дод. Тааҷҷубовараш он аст, ки Сабуров коргари заводи мазкур аст ва хоҳу нохоҳ аз сафари директор ба Исфара хабар доштааст.
– Мо ба Ҳотамов ваъда кардем, ки баъди се соати шиносоӣ ўро бо гумонбаршуда рў ба рў мекунем, вале рўз аз нисф гузашту ҳеҷ не ба ваъдаи хеш вафо кунем,– афсўс хурд муфаттиш.
– Кори хона ба бозор рост намеояд, кӣ медонист кор чунин ранг мегирад.
Дар нимаи дуюми рўз, дар кабинети кории мудири шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи шаҳрӣ аз рўйи тартиботи пешбинишудаи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўрии ҷабрдида бо гумонбаршуда баргузор шуд. Дар вохўрӣ аз байни чор нафари дигар Ҳотамов Зубайдовро шинохт. Бо ҳамин тафтишот маҷрои хешро гирифт…

… 33 …

Бегоҳӣ қарибиҳои шом ў лакоту хаста ба хона омад.
Ҳарчанд имрўз ба ҷойи вохўрӣ ба назди муҷассамаи Айнӣ рафта натавонист, вале аз натиҷаи кори имрўзааш шод буд.
Шод аз он буд, ки ҷинояте ошкор шуд ва ин барои бисёриҳо боз дарси ибрат хоҳад гашт. Охир ба қавли Саъдии бузург «парҳезгорӣ аз кирдори беадабон ин худ омўхтани адаб аст».
Тайи ин чанд соли дар милиса кор карданаш ў борҳо дар маҳфилу маҷлисҳо иштирок намудааст. Борҳо бо чашми худ дидааст, ки деҳқоне ки ба дасташ каландро нагирифтааст, сазовори таърифи роҳбарият аст, чунки дар маҷлисҳо роҳбариятро дар назди роҳбарони болоӣ таърифу тавсиф мекунад.
Ҳамеша ба ў сухан медиҳанд, ҳоло сухан ба акаи ... гўё дар деҳа дигар кас нест, ғайри ў. Аммо оне, ки шабро шабу рўзро рўз нагуфта меҳнат мекунад, вале камбудиҳоро дар рўйи роҳбар мегўяд «ноўҳдабаро» аст, чунки чун акаи дурўя нест…

пешина
аз 416
навбатӣ