Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Шарҳи ин ба хаёлам он қадар мушкил нест. Баъди шиносшавӣ Олим се шаби расо ҳамроҳи ман буд ва шаби чорумаш наомад ва ман дар бораи беаҳдии мардҳо он шаб бо Фотима ҳам рози дил кардам. Агар бовар кунед он шаб то омадани Олим диламро гургон тала карданд.
Сорбони Ҳомид Аршиеваро огоҳ намуд, ки то ҳалли ин масъала ҷойи зисташро тағйир надиҳад ва баъди гирифтани имзо дар нишондодаш ўро ҷавоб дод.
Баробари аз бинои милиса баромадан милисионери қаторӣ Шомаҳмадов, ки дар либоси ғайринизомӣ буд, аз қафои Аршиева рафт. Баъди як соат Бобоков ба мухобира баромада хабар дод, ки ў ва Иброҳимов сарпарастии объекти дуюмро низ ба дўши худ мегиранд. Ба онҳо супориш дода шуд, ки Шомаҳмадовро ба ШКД фиристанд.

… 32…

Вақте ки Сорбони Ҳомид ба ошёнаи дуюм баромад муфаттиш Нидоев ба навбатдори ШКД Хучаков Сабуровро супорид.
Баъди аз дар берун шудани Хучаков ва Сабуров муфаттиш хандида гуфт:
– Тоқати меҳмон надошт, хона ба меҳмон гузошт–ку.
– Муҳаммадӣ Нидоевич худро чун дар хонаи хеш ҳисоб кунед ва агар бемалол бошед рўз аз нисф гузашт, бифармоед чӣ кор кунем.
– Ба ҷуз ба тановули нисфирўзӣ рафтан дигар фикре дар сарам нест.
Баъди чанде ҳарду дар ошхонаи паҳлўи бинои милиса менишастанд…
– Хуш, Сабуров чӣ хел? аввалин шуда хомўширо вайрон карда пурсид Сорбони Ҳомид.
– Ҳамаро инкор кард, ё шумо гумон доред, ки яку якбора ҳамаро ба гардан мегирад.
– Не, албатта, дар талоши ҷон ў ва ў баринҳо хело дастак мезаданд.
– Малсагова ва Аршиева чӣ гуфтанд?
– Малсагова ҳам заволаи ҳамон хамирест, ки Сабуров низ аз он шўрида шуда. Вале дугонааш то ҳанўз дар танўри онҳо обу тоб ёфтагӣ нест.

пешина
аз 416
навбатӣ