АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Соат даҳ шудааст. Шумо ҳақ надоред, ки дар ин бевақтӣ ба ошёни мардум зада дароед, канӣ санксияи прокурор? – дар роҳрав мағал бардошта соҳибхона.
Аз ташрифи ногаҳонии кормандони милиса на танҳо соҳибхона, балки меҳмонон ҳам дасту по хўрданд. Ҳатто як нафари онҳо ба тарафи балкон давид. Шояд дар лаҳзаи охир ҷонаш ширинӣ карду корнамоии профессор Плейшнерро такрор накард. Охир хона дар ошёнаи сеюм ҷой гирифта буд.
Ба ғайр аз соҳибхона ва он қаҳрамоне, ки корнамоии профессор Плейшнерро такрор карданӣ буд, боз як марду як зан дар сари дастурхон менишастанд. Маълум буд, ки ҳайати меҳмонон ҳама дар ҷояш.
Азбаски, аллакай, ҳамаи команда сархуш буданд баҳсу мунозира фоидае надошт. Ба ғайр аз соҳибхона дигарон низ худро муаррифӣ карданд ва маълум буд, ки ному насаби аслии хешро пинҳон медоранд.
Барои муайян кардани шахсияти ин ду марди ношинос онҳоро ба пункти такягоҳи тартиботи ҷамъиятӣ, ки ҳамагӣ 400–500 метр роҳ буд, даъват намуданд, вале соҳибхона ва дугонааш чунон ғавғо бардоштанд, ки ҳамсояҳо доду фарёдро шунида ба ёрии Малсагова омаданд. Амрихудоев аз яке аз ҳамсоягон хоҳиш кард, ки ба милиса занг занад ва омадани милисаро талаб кунад. Сорбони Ҳомид афсўс мехўрд, ки милиса аз таҷҳизоти ҳозиразамони техникӣ аз ҷумла ратсия таъмин нест. Хайрият, ҳамсоязан ба таҳдиди Малсагова аҳамият надода, рафта ба милиса телефон кард ва гашта омада аз рафтори ноҷойи ҳамсоязан шикоят намуд, дигар баъди суханони ҳамсоя Фотима Малсагова ба дахонаш об гирифт.
Шояд суханони ҳамсоя чун тир аз мағзу устухонаш гузашта буданд, ки хомўширо ихтиёр кард.
Ҳарчанд милисаи тоҷик то кунун чун мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Европа ва Америка компютеризатсия карда нашудааст, вале дар мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ аз онҳо қафо намемонад. Ин буд, ки баробари ба милиса овардани меҳмонони хонаи Малсагова шахсияти онҳо маълум карда шуд.
Яке аз онҳо Сабуров Тоҳир Наъимович, истиқоматкунандаи шаҳри Турсунзода, коргари заводи шарбатбарории шаҳр, дигаре Зубайдов Олим Валиевич сокини шахри Хуҷанд, бекор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё