АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Дугонаи Малсагова бошад, Аршиева Зуҳро Маҳмадовна сокини шаҳри Орҷоникидзеи республикиа Мухтори Осетияи Шимолӣ. Аз рўйи чиптаи дар дасташ буда, маълум шуд, ки бисту ду рўз пеш аз Орҷоникидзе ба Душанбе омадааст. Бо Фотима дар хонаи холааш вохўрдааст. Чӣ хеле мегўянд дуздҳо дар шаби тор ҳам унс гирифтанд, чунки ҳарду заволаи як хамир буданд. Зўҳро Маҳмадовна аз нисфи рўзҳои дар Душанбе будаашро дар хонаи Малсагова гузаронд ва қариб холаашро ба гўшаи фаромўшӣ дод. Малсагова дар ҳақиқат ҳамаи «шароитҳоро» барои Зўҳро муҳайё карда буд. Онҳо то ними шаб ба айшу нўш дода шуда, дар зери мусиқии форам рақс мекарданд. Гарчанде ин осетиндухтарон мусулмон буданд, вале бо хоҳиши он ду мусулмони дигар борҳо аз «Варитей»1 порчаҳо намоиш доданд.
Албатта, барои истироҳати бофароғат маблағи муайяне лозим буд ва ёфтани ин маблағ ба дўши тамошобинон афтода.
Барои Фотимаю – Зўҳро ин тарафи масъала аҳамият надошт, ки истироҳаткунандагон ин мабалғро аз куҷо мегиранд. Боре дар ин бора Фотима ба Тоҳир гуфт: – «Хочеш жить, умей вертетсия», Тоҳир хоҳиши маҳбубаашро аз худ кард, нағз аз худ кард ва мақоли халқи «Гўр сўзаду деги қаландар ҷўшад»– ро шиори хеш дар зиндагӣ қарор дод.
Вақте ки Сабуров ҳамхизматаш Зубайдовро дар шаҳр вохўрд, ўро ба хонаи маҳбубааш Фотима бурд ва бо Зўҳро шинос намуд. Нақши ангуштони Малсагова ва меҳмонони ўро танҳо рўзи душанбе ба ташхис фиристодан мумкин буд. Аз ин рў, лозим омад, ки ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Сорбони Ҳомид ва нозири минтақавӣ Амрихудоев сари ин масъала андешаронӣ намоянд. Вале бе далелҳои кофӣ дар милиса нигоҳ доштани шахси бегуноҳ боиси паст шудани нуфуси милиса мегардад…
Ҳодисаи дишабаро ки бо ҳамкорашон Ҳотамов рух дода буд, ба ёд оварда Сорбони Ҳомид аз Амрихудоев рухсат пурсиду ба беморхона рафт…
- Варитей – ҷое ки ғарбиён рақси ўрён мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё