Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Шарм надошта боз чунин мегўӣ. Охир, ин табрикнома ба номи шахсе омадааст, ки ту номашро зинда медорӣ.
– Нашунидаӣ ки мегўянд: Зиндагӣ ин мубориза аст ва касе зинда мемонад, ки пурқувват ҳасту ҳарифашро мағлуб мекунад.
– Дар ҳақиқат ин суханони ту барои ҳайвон дахл дорад, вале чӣ ҷойи гила, охир, ту ҳам аз ҳайвон беш нестӣ ва ин сифатҳои худро ҳангоми ғуломи немисҳо буданат борҳо собит кардӣ.
– Охир чӣ қадар солҳо гузашт.
– Хобатро ба об гўӣ. Ёд дорӣ соли гузашта дар атрофи он фашисти 84–сола дар Париж чӣ қадар шўру мағал шуд.
– Охир ў яке аз саркардагони армияи немис буд.
– Эҳ, чӣ буд номаш? Барбе ё амсоли ҳамин чун ту гуноҳ надошт.
– Чӣ хел ў бегуноҳ аст, вақтҳои охир чун адвокат сухан мегўӣ.
– Ҳаргиз ин хел нест. Ҳамаи ҳаракатҳои Барбе ба муқобили асирони ҳарбӣ буд. Ту бошӣ…
– Хайр шуд, аз рўйи як коғаз шуда ин қадар мағал бардоштӣ.
– Ту ки барои ватан хизмате накардаӣ баръакс як аскарашро, ки ба ҷанг мерафт ва шояд дар ғалаба саҳм мегузошт, бо ҳилла куштӣ, чӣ ҳақ дорӣ, ки чунин табрикнома бигирӣ?
Табрикнома барои онҳоест, ки дар ин ғалабаи бузург саҳм гузоштанд…
… 26 …

Соати 21.35 дақиқа Зинаида Митрофанова занг зада аз ташрифи меҳмонон ба хонаи Фотима Малсагова хабар дод.
Амрихудоев ҳамроҳи ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Сорбони Ҳомид ба кўча баромада, ба тарафи хонаи Малсагова роҳ пеш гирифтанд.
Соати 21.53 дақиқа онҳо ба дари хонаи Фотима ангушт заданд, соҳибхона дарро кушода дар рў ба рўяш нозири минтақавиро ҳамроҳи як нафар ғайринизомипўш дида дасту по хўрд ва хост дарро ба рўйи онҳо бандад, вале кормандони милиса бо як чолокӣ дарро тела дода вориди хона шуданд.

пешина
аз 416
навбатӣ