АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Қамар Абдулғаниевич ҳарчанд фикр кард, ки ин субҳ бо кадом дасташ аз хоб хестааст, ба ёд оварда натавонист, вале ба хотир овард, ки кампири ширфурўшро дар пеши хонааш дида буд. Рўяш дар гўр равад. Ў доим ба шираш об мерезад, пас дидани рўйи чунин шахс нек аст магар? Ҳамаи нокомиҳои хешро ў аз дидори рўйи номубораки зани ширфурўш дид.
– Ҳоло ки дер нашудааст, ҳамон расмро гирифта, ба милиса бар ва аз кирдори нопоки хеш иқрор шав.
– Биё, маро ба ҳоли худ гузор, ки занак қиёматро қоил кард. Растохези асосӣ дар пеш аст.
– Худо нигоҳ дорад.
– Ба фикрам ту ва ту баринҳо шармандаи ҳамон бозор хоҳед шуд.
– Кадом бозор?
– Бозори қиёмат!
– Агар мунаққид мешудӣ, шояд ягон шоир шеърашро ба нашриёт намебурд.
– Онҳое ки шеър ё асари бадеияшон мақбули мардум мешаванд аз мунаққид тарсе надоранд. Тарсу онҳоянд, ки шеър ва ё асари бадеии хому хатала навиштаанд.
– Мебинам, ки ҳақиқатро эътироф мекунӣ...
– Ҳақиқат ин чун офтоб поку беолоиш аст ва ҳеҷ кас хоҳ бад асту хоҳ нек пеши шуои онро, ки танҳо гармӣ меорад, гирифта наметавонад.
– Бандаро дар кадом поя мегузорӣ?
–Оне ки барои манфиати шахсиаш тайёр аст ки Модар – Ватанро фурўшад, магар омўрзиш мехоҳад?
– Худои таоло меҳрубон ва бахшанда аст, агар тавба кунӣ.
– Дуруст, ба шарте, ки тавба аз сидқи дил бошад…
… 18 …
Имрўз ў аз хона мактуб гирифт. Падараш дар мактуб хабар медод, ки духтари Қодир Умедаро барои ў фотеҳа карданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё