Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Зинда бошем, мебинем.
Сабринисо якумин бор сирреро дар дилаш пинҳон дошт.
Мақоли халқӣ «Ёр ёре дораду аз ёри ёр андеша кун»– ро ба ёд овард, ки дар бораи ишқварзии Оишаю Ғиёс даҳон накушод…

… 17 …

– Ҳарчанд Оиша дар муҳорибае иштирок накардааст, вале борҳо филмҳои ҷангиро тамошо карда, ба хулосае омадааст, ки беҳтарин навъи мудофиа ин ҳуҷум аст…
Баъди оне ки шавҳарашро барои ҳодисаи дар бўстонсарояшон рухдода ба Душанбе даъват карданд, ў сару калобаашро гум кард, ҷойи нишаст намеёфт, замини сабзи баҳорӣ ба назараш чун хокистари сўзон метофт. Ниҳоят рўзи дуюми май ба Душанбе занг зад. Шавҳарро дар хона наёфт ва ба бўстонсаро занг зад…
Қамар Абдулғаниевич ки лаҳзае пештар Сорбони Ҳомид ва он милисионери посбонро гусел намуда буд, бо дили нохоҳам гўшаки телефонро бардошт. Бардошту дар бало монд.
Ҳамсараш бе калому салом яку якбора ба ҳуҷум гузашт. Дар давоми чор соли зиндагии якҷоя ў аввалин маротиба аз ҳамсари дуюм, ки аллакай соҳиби ду фарзанд шуда буд, чунин гапҳои пасту баланд шунид. Ў аз он дар шигифт буд, ки ҳамсараш ҳам дар ҳамин лаҳзаи душвор бо милисаҳо ҳамақида аст. Дар давоми чор соли зиндагӣ ў қариб, ки дарду ғами ҳамсари пештараашро аз ёд бароварда буд. Фарзандони аз никоҳи аввала доштааш, аллакай, паррончак шуда буданд ва ҳардуяшон дар шаҳри Одесса таҳсили илм доштанд. Ягона хиёнате, ки ў нисбат ба ҳамсар раво дида буд, ин шиносоияш бо Сабринисо буд. Ва ў гумон дошт, ки аз ин рафтораш касе хабардор нест ва суханҳои тезу тунди ҳамсарро шунида маҷбур шуд, гўшаки телефонро ба ҷояш гузорад. Азбаски Оиша ҳанўз «суханашро» ба итмом нарасонида буд, боз занг зад, вале ў дигар гўшакро набардошт, чунки дигар маҷоли шунидани чунин суханони таҳқиромезро надошт…
Тафаккури одамӣ чӣ хел нозук аст. Агар майнаи сар ором бошад, кас парвое надорад, вагарна чун торҳои нозуки асбобҳои мусиқӣ баробари такон ё лаппиш хўрдан то дер гоҳ ором намешавад…

пешина
аз 416
навбатӣ