Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Акнун он бўстонсарое, ки як вақтҳо Сабринисои ҳаждаҳсола номуси хешро аз даст дод ва ба қавле он ҷойро чашми дидан надошт, боз ҷойи писандидааш гашт. Зиндагӣ ба рўяш хандида буд ва ҳамаи ин хушбахтии хешро аз ёрии беғаразонаи дугонааш медид. Ҳатто боре гуфта буд:
– Рухсорҷон, шумо Эйнштейн.
– Эйнштейнаш кист?
– Як олими бузурги дунё, лауреати мукофоти нобелӣ.
– Барои кадом хизматаш чунин мукофот гирифтааст?
– Эй, дугонаҷон, дар ишқу ошиқӣ аз худат донотареро надидам, вале ба фикрам дар мактаби миёна илмҳои дақиқро нахондаӣ.
– Ҳамаи илмҳои дунё дар пеши илми муҳаббат бечораанд ва ман шодам, ки ҳамин илми бузургро аз худ кардам ва ба фикрам аз дониши ман ту ҳам баҳравар шудӣ. Акнун бигў, ки он олими гуфтагиат барои кадом хизматаш чунин мукофот гирифтааст?
– Ў назарияи нисбиятро кашф намудааст.
– Дурусттар, яъне одитар карда гап зан.
– Фарз кардем, ки як қил мўй дар сар зиёд аст ё кам?
– Албатта, кам.
– Дар косаи шўрбо чӣ?
– Хеле зиёд.
– Ана дидӣ, ҳар чиз барои худ нисбияте дорад ва банда ҳам ҳамин назарияро дар ҳаёт татбиқ намудам.
– Чӣ боз ягон марди дигарро таги чашм кардӣ?
– Чаро не.
– Хуш, агар махфӣ набошад кӣ будааст?
– Чаро махфӣ будааст, охир кас аз устодаш сиреро пинҳон намекунад.
– Гўш мекунам.
– Ронандаи директор.
– Ғиёс Назаров.
– Ҳа, худаш.
– Наход ў ба рўйи шефаш чанг занад?
– Ў, аллакай, ба рўйи шеф чанг задагӣ ва на як бору ду бор.
– Чӣ, ба ў таслим шудӣ?
– Ман–ку не, вале ўро ба таслим шудан маҷбур месозам.

пешина
аз 416
навбатӣ