Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

… 15 …

Ҳайати мушовараи прокуратураи ҷумҳурӣ «Ҳолати пасти кушодашавии ҷиноятҳои вазнин»– ро мавриди муҳокимаи хеш қарор дод. Аз рўйи ин масъала муовини аввали прокурори ҷумҳурӣ Почомуллоев ва муовини вазири корҳои дохили ҷумҳурӣ Костетский баромад намуданд. Прокурори ноҳияи Сарчашма Эмомов аз маҷлис бо димоғи сўхта баромада бошад ҳам, чун баъзе роҳбарон борони маломатро ба сари муфаттиш Зарифӣ нарехт. Баръакс онҳо ба идора омада то гузаштани посе аз шаб роҳҳои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдоштаро ҷустуҷў намуданд ва ҳатто плани мушаххасе дар ин бора тартиб доданд.
Вақте ки онҳо аз коргоҳ берун омаданд, ситораҳо дар осмони беғубори шабона партавфишонӣ доштанд.
Зарифӣ ба таклифи Эмомов ба автомашина нанишаст.
Гуфт, ки сари қадам ба милиса бояд дарояд ва бо шеф хайрухуш карда, ба самти муқобил ҳаракат кард. Ў мехост ки ҳарчӣ тезтар Сорбони Ҳомидро ёфта, аз рафти корҳои имрўзааш огоҳ гардад. Албатта, ў боварии куллӣ дошт, ки Кабиров имрўз рўйхати ашёҳои аз бўстонсаро рабудашударо ки боиси марги духтараки бегуноҳе гаштаанд, медиҳад. Вале чун ба милиса омаду ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Сорбони Ҳомидро дида, аз рафти воқеаҳо огоҳ гашт, «тарбуз аз бағалаш афтид».
– Ҳайкалчаи биринҷии Кутузовро бурданд гуфтед?– сухани ваколатдори кофтукови ҷиноятиро такрор кард ў.
– Ҳа, ҳайкалчаи биринҷии Михил Илларионовичро.
– Дигар ҳеҷ чизро?
– Ҳеҷ чизро…
… 16 …

Рухсора ки дар илми муҳаббат таҷрибаи кофӣ дошт, назарияеро пешниҳод, ки кард боиси оштишавӣ ва вохўриҳои минбаъдаи Сабринисо ва Қамар Абдулғаниевич гардид.
Баъдтар вақте ки Кабиров роҳбари як корхонаи азими шаҳр гашт, бо аввалин фармонаш маҳбубаашро котиба таъин кард.

пешина
аз 416
навбатӣ