АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Хато мекунӣ, агар намедонист намегуфт, агар он суханро дар омади гап мегуфт, албатта, аз ту бахшиш мепурсид, вале ба ҷавонии хеш нигоҳ накарда он милисионер ҳам бало, сари худро пеши ту барин нокасон хам накард. Умуман ин дафъа таҳдидат ба кор нарафт. Ба фикрам мурданӣ аз ў тарсидӣ!
– Чаро метарсидам?
– Чунки дастонат пок не, дилу ниятат пок не.
– Охир, ман сарвари як корхонаи азимам.
– Ой, ой, хандаамро набиёр, ақалан инро ба касе гўй, ки туро нашиносад, медонам чӣ хел сарвари он корхона шудӣ.
– Барои як ғайри дин шуда ин қадар…
– Эй, мусулмон, биё аққалан динро барои корҳои нопоки хеш сипар накун, вай чӣ буд номаш?
– Сергей Павлович.
– Ҳа, номаш дар гўр равад, худи худаш. Ана, ҳамон Сергей Павлович дар дини насронӣ ва ту баринҳо дар дини ислом чун заҳрпечакед ва медонӣ чӣ?
– Чӣ?
– Заҳрпечакҳо реша надоранд, аз ин рў, пойдор намемонанд, чунки онҳоро канда мепартоянд.
– Ҳеҷ аз ҳамон суханони тезу тундат намондӣ.
– Ҷав кишта интизори дарави гандумӣ?
– Маро ақалан ба ҳоли худ гузор.
– Хуб мешуд, ки рафта ба гуноҳи хеш иқрор мешудӣ ва он расми аз падарат меросмондаро ҳам бурда месупурдӣ.
– Чӣ гумон мекунӣ ки онҳо сари маро сила мекунанд?
– Албатта, не, ту ҳам мувофиқи гуноҳи хеш ҷазоятро мегирӣ, вале як умр чунин зиндагӣ кардан ғайриимкон аст.
– Пас сарвари завод чӣ мешавад?
– Бе вай, чӣ буд номаш?
– Сергей Павлович.
– Ҳа, Сергей Павлович. Ана, дидӣ, бе ҳамин Сергей Павлович завод аз кор намонд, ҳарчанд худат истеъдоди фавқулода он тараф истад, истеъдоди кофӣ надоштӣ ва ман аминам, ки бе ту ҳам завод аз кор намемонад.
– Хост бар ҳимояи хеш чизе гўяд, вале садои занги телефон ўро аз байни андешаҳо берун овард…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё