Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Тамошои филми бадеии «Василий ва Василиса» ба ҳарду як ҷаҳон ҳаловат бахшид. Ў Шарифаро то қарибии хонаашон гусел карда ба идора рафт…
Кабиров баъди аз хона берун шудани милисионер боз чанд лаҳза дар байни хона беҳаракат истод. Хост ба ошёнаи дуюм баромада, расми дар паси гули дар оҳан кандакоришударо бубинад. Ҳарчанд дар давоми умраш ягон китоби бадеиро то охир намехонд, вале филмҳои моҷароиро хело зиёд тамошо мекард.
Ин лаҳза чун қаҳрамонҳои дар кино дидааш, оҳиста ба назди тиреза рафт ва бо як эҳтиёткории аз паси парда ҳаракатҳои минбаъдаи кормандони милисаро ба зери назорат гирифт.
Сорбони Ҳомид ва Сафаров дар сари роҳ омадани автомашинаро интизорӣ мекашиданд. Маҳз нарафтани онҳо дили ўро сиёҳ мекард. Шояд боз ягон фикр ба сарашон занаду гашта биёянд. Дар он сурат ҳамаи корҳо расво шуданаш мумкин аст.
Ниҳоят аз тарафи ҷануб автомашинае намудор шуд ва баъди лаҳзае дар назди он ду нафари сари роҳ истод. Сорбони Ҳомид ва он милисионери қаторӣ ба он савор шуданд.
Қамар Абдулғаниевич инро як фоли нек ҳисобид, чунки дар ин самт автомашинаҳо аҳён – аҳён мегарданд. Сипас, ба ошёнаи дуюм баромада, ба назди портрети гул рафт ва бо нохунаш каме онро бардошт. Аз чангу гардаш маълум буд, ки қотил ки боиси ташвиши ў гардидааст, ҳатто ба ин дастагули оҳанин ҳусни таваҷҷўҳе зоҳир накарда будааст. Маълум, ки расм дар ҷояш буд ва барои он аз он ҷо дида ҷойи беҳтаре ёфтан душвор.
Ниҳоят ў нафаси сабуке кашида, ҷисми хешро болои курсии мулоиме партофта, дар байни андешаҳои хеш дода шуд:
– Кори хуб нашуд, милисионер ҳақиқати гапро гуфт.
Маълум мешавад ки онҳо бисёр чизро медонанд.
«Ҳамон расме ки бо телефон соҳибашро метарсонидед» – гуфтани Сорбони Ҳомид ҳамоно дар гўши ў чун садои «Урра, Урра, Урра» беохир овоз дод.
– Дидӣ, онҳо ҳама чизро медонанд?
– Балоро намедонад, – худро тассаллӣ доданӣ шуда гуфт ў.

пешина
аз 416
навбатӣ