АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Аз роҳи пеши меҳмонхонаи Душанбе гузашта Нурмаҳмаду Ҷабборро ҳамроҳи духтараки резапайкари аврупои монанде дид.
– Шинос шав, ин кас Шарифа Ализода, ҳамсабақи мо шояд ўро шиносӣ, аниқатараш ҳамсабақи Саодату Алӣ – тоҷик.
Шарифа ин кас Сорбони Ҳомид бубин, ки одамгарӣ ки ба ҷонаш зад милиса шудааст,- шухиомез гуфт Нурмаҳмад.
– Шарифа даст дода бори дигар худро муаррифӣ кард духтарак ва Сорбони Ҳомид акнун ба тоҷик будани ў боварӣ ҳосил кард.
– Сорбони Ҳомид – дўсти наздики Алӣ – тоҷик.
– Чӣ, ҳамин хел меистем, биёед, беҳтараш ба ягон ҷо даромада, тановули нисфирўзӣ намоем, суҳбатро ҳамон ҷо давом медиҳем,– таклиф кард Ҷаббор ва ҳама ин таклифро пазируфтанд.
Ба тарабхонаи «Душанбе» Шарифа рафтан нахост ва бо таклифи ў ҳама ба қаҳвахонаи «Лола» рафтанд…
Пас аз тановули нисфирўзӣ ҳама боз ба сари чорроҳа омаданд.
– Сорбон ба кадом тараф равонӣ?– пурсид Нурмаҳмад.
– Ба тарафи Сарчашма.
– Шумо чӣ?– ба тарафи духтар нигариста гуфт ў.
– Ман ҳам ба ҳамон тараф,– гуфт Шарифа.
– Ману Ҷаббор ба китобхонаи Фирдавсӣ меравем,– гуфт Нурмаҳмад ва онҳо дар ҳамон ҷо аз ҳам ҷудо шуданд.
Сорбони Ҳомид майли аз Шарифа ҷудо шудан надошт, бинобар ин таклиф кард, ки агар Шарифа зид набошад дар ягон ҷо боз каме суҳбат кунанд.
– Биё беҳтараш ба кино меравем,– гуфт духтар.
Онҳо аз дўкони рўзномафурўшие рўзнома гирифта, ба эълонҳои кино чашм дўхтанд ва дар интиҳо ба хулосае омаданд, ки ба тамошои филми бадеии «Василий ва Василиса»
мераванд. Ниҳоят боз онҳо ба ҳамон чорроҳае омаданд, ки чанде пеш аз Нурмаҳмаду Ҷаббор ҷудо шуда буданд.
Аз баски то саршавии филм вақти зиёд буд, ҳарду ба мобайни кўчаи марказӣ гузашта, ба тарафи кинотеатри «Помир» қадам заданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё