Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Шояд ягон расмро кофта бошад,– гўён Сорбони Ҳомид рост ба чашмони соҳибхона нигарист.
– Чаро ба даҳонат боз об гирифтаӣ, гап зан, таърихи он расмро гап зан, аз ду сар ў барои ту дигар лозим намешавад.
Таҳдид бас, нидо омад аз қалбаш.
Ў ба нигоҳи оташбори кормандони милиса тоб наоварда, чашмашро аз чашми мусоҳибаш гурезонда гуфт:
– Чӣ хел расм?
– Ҳамоне, ки бо телефон соҳибашро метарсонидед?
– Чӣ милиса шуда шох баровардед? Гумон мекунед, ки давлат барои поймол кардани ҳуқуқи шаҳрвандон саратонро сила мекунад? Ман ду умри шуморо ёд дорам, ақалан ҳаминашро ба назар гиред. Ҳоло ки дер нашудааст ва ман аз болоятон шикоят накардаам, дар ҳузури инҳо (шахсони ба сифати шоҳид даъватшуда, ҳамсояҳои бўстонсарояш) бахшиш пурсед…
– Вазъи шумо аз вазъи ман беҳтар нест. Ман барои ҳар сухани хеш чи дар назди қонун ва чи дар пеши виҷдонам худро ҷавобгар ҳис мекунам. Ва он чи ки ман аз шумо пурсидам, ин аз доираи қонун берун нест. Агар ба куҷое аз болои ман шикоят кардани бошед, марҳамат. Аз шумо бошад ман бахшиш пурсиданӣ нестам.
– Мебинем!
– Мебинем, давоми суҳбатро фардо дар милиса мекунем,– ба суҳбат хотима гузоштани шуд Сорбони Ҳомид.
– Агар ман суҳбат кардани ҳам бошам бо шумо не.
– Ихтиёр шуморост, – гўён Сорбони Ҳомид барои ташвиш доданаш аз шахсони ба сифати шахси холис даъватшуда узр хост ва онҳоро то пеши дар гусел кард.
– Шояд ба ман рухсат диҳед, ки хонаҳоро каме ба тартиб биёрам, – баробари баргаштани лейтенанти калон пурсид соҳибхона.
– Ин хонаи шумост ва ҳарчи дилатон мехоҳад кардан гиред, аз ҳамин лаҳза ман нигоҳубини минбаъдаи онро мебардорам.
Ў сержанти хурд Сафаровро даъват карда супориш дод, ки нигоҳубини бўстонсароро бекор мекунад. Ҳарду бо соҳибхона хайрухуш карда берун баромаданд…

пешина
аз 416
навбатӣ