Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ана, ёбу гир, ба ман як моҳ муҳлат дода, дар байни даҳ рўз ба қавли худашон корҳоро ҳалу фасл намуданд.
Ў боз симои Шарифаро пеши назар овард. Чӣ хуб ки он рўз ў Нурмаҳмаду Ҷабборро дид. Маҳз ҳамин вохўрии ногаҳонӣ боиси шиносоии онҳо гашт. Аҷибаш, он буд, ки дар давоми панҷ соли ҳамсояфакултет будан боре ҳам Шарифаро вонахўрд. Дар вохўрии онрўза натавонист, ки барои шиносоии аввал аз доираи мулоқот берун барояд.
Пеш аз хайрухуш ҳарду қарор доданд, ки рўзи якшанбе дар назди муҷасаммаи устод Айнӣ вомехўранд. Имрўз бошад панҷшанбе, то вохўрӣ се рўзи дигар, ба замми ин боз мактуби дар…
– Медонӣ чӣ?
– Чӣ буд?
– Ту ки муҳаббати беандозаи Валяро шикастӣ, акнун ҷазояшро мебинӣ.
– Охир бар хилофи ақидаи волидайн рафта натавонистам.
– Дар ин ҷо волидайн чӣ дахл дорад, о зангир ту будӣ ку.
Дар асл меҳри ҳеҷ кас чун Валентина дар вуҷуди ман нест…
– Медонам.
– Агар медонистӣ, пас чаро чорае наандешидӣ?
– Гуфтам-ку ба муқобили падару модарам баромада натавонистам, магар бар хилофи ақидаи эшон рафтан хуб буд?
– Ишқ ин худ мубориза аст, вале ту то ҳадди имкон талош накардӣ, бояд тамоми имкониятҳоро истифода мебурдӣ, ки падару модаратро розӣ кунонӣ.
– Ман кўшидам, вале онҳо розӣ нашуданд.
– Набошад бо Шарифа вохўрдан чӣ лозим?
– Баъди Валя аз ҷинси латиф ў аввалин намояндаест, ки ба ман маъқул шуд. Ман ўро барои як рўзу ду рўз не, балки барои тамоми ҳаёт интихоб карданиам.
– Ин кори беҳуда.
– Чаро?
– Чунки онҳо, аллакай, дигар касро бароят номзад карданд ва агар аз гуфтаи онҳо сарпечӣ кори хуб нест. Ин корро дар ҳамон давра кардан лозим буд.
– Чӣ хел?

пешина
аз 416
навбатӣ