Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Муҳаббат бепарвоиро намеписандад…
Соли гузашта ў бо коре ба Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ҷумҳурӣ рафта, болои даре навиштаҷотеро дид:
Сардори бойгонӣ Новикова Валентина Михайловна. Қариб буд, ки дилаш аз қафаси синааш барояд. Наход ў бошад?!
Ниҳоят худро ба даст гирифта, ба дар ангушт зад, чун овози соҳиби кабинетро шунид, дарро кушода даромад. Даромаду «тарбуз аз бағалаш афтид», дар рў ба рўяш дигар кас меистод.
«Ном гадо гуфтани мардум ҳамин будааст», аз дил гузаронд ў ва ба курсие нишаст…
… 5 …

…Пурсиши ҳамсояҳои атрофи бўстонсарои Кабиров натиҷае надод. Ў ҳамроҳи милисионер Акмалшо Ҳабибӣ бори дигар атрофро аз назар гузаронд. Дар як гўшаи замин газетаи партофташудае ба чашм расид. Лейтенанти калони милиса Сорбони Ҳомид онро аз замин бардошт. Рўзнома «Комсо– молская правда» аз 27–уми апрел буд. Аз шакли қатшудаи газет бармеомад, ки касе ба он ягон чизи ҳаҷман хурдро печонидааст. Ба ҳодисаи шаби гузашта ин рўзнома пайвандие дошт ё не ба ҳар ҳол Сорбони Ҳомид онро гирифт.
– Имрўз 29– уми апрел. Маълум мешавад, ки ба ин ҷазираи бефарёд (дур аз шаҳр) газетаи ҷавонон дар вақташ меомадааст,– гўён ў бо милисионери посбон хайрухуш намуд.
Баробари ба идора омадан ёрдамчии навбатдор хабар дод, ки ба назди сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ дарояд.
Дар кабинет сардори бахш Абдулло Мирзоев бо ташхисгар – криминалист Колеснисин дар сари кадом масъалае баҳс доштанд. Мирзоев ўро ба нишастан таклиф кард ва суханашро давом дода гуфт:
– Шояд Юрий Михайлович як бори дигар ҳам ин масъаларо дида бароед.
– Ба гумон аст,– рафиқ капитан. Охир дар бойгонӣ мутахассисони варзидаи ҷумҳурӣ кор мекунанд ва ҳеҷ нақше аз назари онҳо пинҳон намемонад. Аз ин бар меояд, ки қотили дишаба бори аввал ба ҷиноят даст задааст.
– Ба бойгони Маскав муроҷиат намоем – чӣ, шояд ягон сайёҳи раҳгузар бошад?

пешина
аз 416
навбатӣ