АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Ҳар кор шуданаш мумкин, охир зиндагӣ худ маҷмўи бешу камист ва кӣ медонад, ки қотил ба кадом мақсад ба бўстонсаро рафтааст.
– Нақши ангуштонро ба Маскав фиристодан мумкин, вале кай ҷавоби онҳоро мегирем номаълум,– гуфт Колеснисин.
– Пас чӣ бояд кард? – пурсид Сорбони Ҳомид.
– Боз андак сабр кардан лозим. – гуфт Юрий Михайлович.
– Гапи Юрий Михайлович рост аст. Агар худи Кабиров дар ин бора рўшанӣ наандозад, мо аз кадом нўги гиреҳ гирифтанамонро намедонем, чунки намедонем аз бўстонсаро чиро бурданд. Мақсади аслии ҷинояткоронро намедонем.
Ҳама гуна ҳаракати кўр –кўрона танҳо бар зарари кор аст.
Барои ҳамин беҳтар мешуд, ки худи ҳозир шумо ба заводи шарбатбарорӣ рафта, дар бораи котиба Файзуллоева маълумот мегирифтед,– гуфт сардори бахш.
Ҳамроҳи марди кордон Абдулло Мирзоев кор кардан барои ҳар кас шараф аст. То кунун Сорбони Ҳомид ёд надорад, ки боре ҳам Мирзоев овозашро аз болои зердаст баланд карда бошад. Амрҳои ў аз супориш дида ба илтимос шабоҳат доранд, вале зердастон ҳамеша барои иҷрои онҳо мекўшанд ва ин «илтимосҳо»– и Мирзоевро аз ҳама амру фармон боло мегузоранд ва Сорбони Ҳомид ҳам аз пайи фармони навбатии Мирзоев шуд.
… 6 …
Дар завод, аллакай, ҳама аз ҳодисаи дишаба огоҳ буданд ва ин кори Сорбони Ҳомидро андаке ҳам бошад осонтар намуд. Дар бораи котиба ҳама андешаҳои нек доштанд.
Духтари хуб ва ниҳоят хоксор буд, мегуфтанд. Дар бораи шахси фавтида ё сухани хуб гуфтан лозим ё ҳеҷ чиз мегўянд мардум. Ва имрўз ҳам суханони коргарони заводро дар бораи Сабринисо Аловудиновна шунида ҳамин гуфтаи мардумро ба ёд овард Сорбони Ҳомид. Аслан ба ақидаи коргарон розӣ шуда наметавонист, чунки худи субҳи ҳамин рўз Назаров Сабринисоро ба сабукпойӣ айбдор карда буд ва акнун ба ў лозим буд, ки бегуноҳӣ ва ё гунаҳкории мақтулро дар ин бора муайян созад. Аммо ба ақидаи Ломартин «зан беҳтарин ва охирин тўҳфаи осмонист» ва аз ин тўҳфа то кунун касе рўй нагардонидааст, на вазиру на кабиру на сағир…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё