АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Марде дар либоси варзишӣ дарро ба рўяш кушода мақсади ташрифашро пурсид ва сипас ўро ба хона таклиф кард.
Онҳо ба хона даромада, сари мизе нишастанд. Дар ин вақт аз ошхона зане берун омада, аскарро ҳамроҳи шавҳар дида хост аз нав ба ошхона баргардад.
– Духтаратро ҷеғ зан!
Валяро модар бо амри падараш рост аз ванна ба назди меҳмон овард. Духтар ўро дида тамоман дасту по хўрд. Як тарафи мўйҳояш бофта ва қисми дигараш ҳанўз нобофта.
Падар ба ў амр кард, ки дар рў ба рўйи меҳмон шинад. Валя бо ҳарос оҳиста нишаст. Падар пурсид:
– Валя гўед, ки кадом миз дар ин хонадон шикастааст, ки ту «усто» (ишора ба аскар карда) ҷеғ задӣ?
Духтар аз шарм маҷоли сар бардоштан надошт.
– Акнун хушдоратро гусел кун! – амр кард падар ва Валя ноилоҷ аз ҷой бархоста, ўро то пеши дар гусел кард…
То кунун симои он лаҳзаинаи Валентина аз пеши назараш дур намешавад ва то ҳол ў касеро бо чунин ҳусну ҷамол вонахўрдааст.
Ў аз хона берун шуда, ба соддагии хеш нафрат хонд. Бо як амали ноҷо ҳам худ ва ҳам Валяро ба бало монд.
Рўзи душанбе Валя ба кор омада, ба ў ҳатто нимнигоҳе накард. Маълум, ки ранҷидааст. Танҳо баъди як ҳафта Валя ба ҳоли ў қоҳ– қоҳ механдид ва ба ҳам хушҳолӣ мекарданд.
Барҳақ Муҳаммад Иқбол гуфтааст:
Ишқро аз теғу ханҷар бок нест,
Асли ишқ аз обу боду хок нест.
Валя бо ҳама соддагияш ўро дўст дошт ва ҳатто ҷуръат карда, ба падару модараш ҳам баъдтар дар ин бора хабар дод.
Аскар гоҳ–гоҳ меҳмони хонадони Валя мешуд ва падару модари Валя ўро чун писари худ дўст доштанд…
Вале дар интиҳо ў боз худаш ба бахташ зомин шуд ва бар хилофи ақидаи падару модараш баромада натавониста, бахти аввалини хешро ҷўё нагашт. Баъди ду соли аз армия баргаштан, вақте ки ў донишҷўи факултаи ҳуқуқшиносӣ буд аз Валя мактубе гирифт, ки бо чунин суханон тамом мешуд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё