Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Сухан ҳарчи бишнид з-он дилнавоз,
Ҳаме гуфт пеши сипаҳбуд ба роз.
Сипаҳбуд хиромид то гулситон,
Ба назди канизони Кобулситон.
Парирӯи гулрух, бутони Тироз
Бирафтанду бурданд пешаш намоз.
Сипаҳбуд бипурсид з-эшон сухун
Зи болову дидори он сарвбун,
Зи гуфтору дидору ройу хирад,
Бад-он то, ки бо ӯ чи андархурад:
«Бигӯед бо ман якояк сухун,
Ба кажжӣ магар н-афканед эч бун,
Агар ростӣ-тон бувад гуфтугӯй,
Ба наздики ман-тон бувад обрӯй,
Вагар ҳеч кажжӣ гумоне барам,
Ба зери пайи пилатон биспарам!»
Рухи бандагон гашт чун сандарӯс,
Ба пеши сипаҳбуд замин дода бӯс.
Аз эшон яке буд кеҳтар ба сол,
Ки ӯ шуд сухангӯи пурдил ба Зол,
Чунин гуфт, к-«Аз модар андар ҷаҳон
Назояд касе дар миёни меҳон
Ба дидори Сому ба болойи ӯй,
Ба покидилу донишу ройи ӯй,
Дигар кас чу ту, эй савори далер,
Бад-ин бурзу болову бозӯи шер!
Се дигар чу Рӯдобаи хубрӯй,
Яке сарви симини борангубӯй.
Зи сар то ба пояш гул асту суман,
Ба сарви сиҳӣ бар Суҳайли Яман.
Ҳаме май чакад, гӯӣ, аз рӯи ӯ,
Абир аст, гӯӣ, ҳама мӯи ӯ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё