Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Аз он гунбади симсар бар замин
Фурӯ ҳишта бар гил каманди камин.
Ба мушку ба анбар сараш бофта,
Ба ёқуту гавҳар танаш тофта.
2
Сари зулфи ҷаъдаш чу мушкин зиреҳ,
Фикандаст, гӯӣ, гиреҳ бар гиреҳ.
Буторой чун ӯ набинӣ ба Чин,
Бар ӯ Моҳу Парвин кунанд офарин!»
Сипаҳбуд парастандаро гуфт гарм
Суханҳои ширин ба овози нарм,
Ки «Акнун чи чора-ст, бо ман бигӯй
Яке роҳ ҷустан ба наздики ӯй,
Ки моро дилу ҷон пур аз меҳри ӯст,
Ҳама орзӯ дидани чеҳри ӯст!»
Парастанда гуфто: «Чу фармон диҳӣ,
Битозем то кохи сарви сиҳӣ,
Зи фархунда ройи ҷаҳонпаҳлавон,
Зи дидору гуфтору равшан равон
Фиребему гӯем ҳар гунае,
Миён-андарун нест вожунае.
Сари мушкбӯяш ба дом оварем,
Лабаш бар лаби пури Сом оварем!
Хиромад магар паҳлавон бо каманд,
Ба наздики айвону кохи баланд,
Кунад ҳалқа дар гардани кунгура,
Шавад шер шод аз шикори бара!»
БОЗГАШТАНИ КАНИЗАКОН
БА НАЗДИ РӮДОБА
Бирафтанд хубону баргашт Зол,
Шабе дерёзон ба болои сол.
Расиданд хубон ба даргоҳи кох,
Ба даст-андарун ҳар як аз гул ду шох.
Ҳиштан – раҳо кардан, партофтан.
Ҷаъд – ҷингила, пурпечутоб.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё