Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Ҳама посухашро биоростанд,
Чу Оҳарман аз ҷой бархостанд,
Ки «Эй афсари бонувони ҷаҳон,
Сарафроз духтар миёни меҳон,
Ситуда зи Ҳиндустон то ба Чин,
Миёни шабистон чу равшан нигин,
Ба болои ту дар чаман сарв нест,
Чу рухсори ту тобиши Парв нест.²
3
Нигори рухи ту ба Қаннуҷу Мой
Фиристанду наздики Ховархудой.
Туро худ ба дида-дарун шарм нест,
Падарро ба назди ту озарм нест,
Ки онро, ки андозад аз бар падар,
Ту хоҳӣ, ки ӯро бигирӣ ба бар,
Ки парвардаи мурғ бошад ба кӯҳ,
Нишонӣ шуда дар миёни гурӯҳ!
Кас аз модарон пир ҳаргиз назод
В-аз он кас, ки зояд, набошад нажод!
Ҷаҳоне саросар пур аз меҳри туст,
Ба айвонҳо сурати чеҳри туст,
Туро бо чунин рӯю болою мӯй,
Зи чархи чаҳорум худ ояд-т шӯй!»
Чу Рӯдоба гуфтори эшон шунид,
Чу аз бод оташ дилаш бардамид,
Бар эшон яке бонг барзад ба хашм,
Битобид рӯю бихобид чашм,
Пас он гаҳ ба хашму ба рӯи дижам
Ба абрӯ зи хашм андароварда хам,
Чунин гуфт: «Хом аст пайкоратон,
Шунидан наарзид гуфторатон!
1
Оҳарман – Аҳриман.
Парв – кӯтоҳшудаи Парвин.
Қаннуҷ – шаҳре дар соҳили рӯди Ганг.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё