Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Сапедии мӯяш бизебад ҳаме,
Ту гӯӣ, ки дилҳо фиребад ҳаме!»

Чу бишнид Рӯдоба ин гуфтугӯй,
Барафрӯхт, гулноргун гашт рӯй.

Дилаш гашт пуроташ аз меҳри Зол,
Аз ӯ дур шуд хӯрду орому ҳол.

Чу бигрифт ҷои хирад орзӯй,
Дигаргунатар шуд ба оину хӯй.

Чи некӯ сухан гуфт он ройзан:
Зи мардон макун ёд дар пеши зан,

Дили зан ҳамон девро ҳаст ҷой,
Зи гуфтор бошанд ҷӯяндарой!

Варо панҷ турки парастанда буд,
Парастандаву меҳрубон банда буд,

Бад-ин бандагони хирадманд гуфт,
Ки «Бикшод хоҳам ниҳон аз нуҳуфт,

Шумо як ба як роздори манед,
Парастандаву ғамгусори манед,

Бидонед ҳар панҷу огаҳ бувед,
Ҳамасола бо бахт ҳамраҳ бувед,

Ки ман ошиқеам чу баҳри дамон,
Аз ӯ бар шуда мавҷ бар осмон!

Пур аз меҳри Зол аст равшан дилам,
Ба хоб-андар андеша з-ӯ нагсилам.

Дилу ҷону ҳушам пур аз меҳри ӯст,
Шабу рӯзам андешаи чеҳри ӯст.

Яке чора бояд кунун сохтан,
Дилу ҷонам аз ғам бипардохтан.

Надонад касе рози ман ҷуз шумо,
Ки ҳам меҳрубонеду ҳам порсо!»

Парастандагонро шигифт омад он,
1
Ки бадкорӣ ояд зи духти радон.

Рад – хирадманд; диловар.

пешина
аз 345
навбатӣ