Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Манам камтарин банда, яздонпараст,
Аз он пас, ки овардамат боз даст,

Пазируфтаам аз Худои бузург,
Ки дил бар ту ҳаргиз надорам сутург.

Биҷӯям ҳавои ту аз неку бад,
Аз ин пас чи хоҳӣ, ҳамон месазад!»

Танашро яке паҳлавонӣ қабой
Бипӯшиду аз кӯҳ бигзорд пой,

Фуруд омад аз кӯҳу болой хост,
Яке ҷомаи хусраворой хост,

Ҳаме пурро Золи Зар хонд ном,
Чу Дастон варо кард Симурғ ном.

Сипаҳ яксара пеши Сом омаданд,
Кушодадилу шодком омаданд,

Табиразанон пеш бурданд пил,
Баромад яке гард чун кӯҳи нил,

Хурӯшидани кӯс бо карраной,
1
Ҳамон занги заррину ҳиндидарой,

Саворон ҳама наъра бардоштанд,
Бад-он хуррамӣ роҳ бигзоштанд,

Ба шодӣ ба шаҳр-андарун омаданд,
Або паҳлавонӣ фузун омаданд.

ОГОҲ ШУДАНИ МАНУЧЕҲР
АЗ КОРИ СОМ ВА ЗОЛИ ЗАР

Зи Зобул ба шоҳ омад ин огаҳӣ,
Ки Сом омад аз кӯҳ бо фарраҳӣ,

Бад-он огаҳӣ шуд Манучеҳр шод,
Басе аз ҷаҳонофарин кард ёд.

Манучеҳрро буд ду пури гузин,
Далеру хирадманду бофарру дин,

Ҳиндидарой – даройи ҳиндӣ; дарой (даро) – занг, зангӯла.

пешина
аз 345
навбатӣ