Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Яке ном Нӯзар, дигар чун Зарасп,
Ба майдон ба монанди Озаргушасп.
Бифармуд, то Нӯзари номдор
Шавад тозиён сӯи Соми савор,
Бубинад яке рӯи Дастони Сом,
Ба дидори эшон шавад шодком,
Кунад офарини кайонӣ бар ӯй,
Бад-он шодмонӣ, ки бинмуд рӯй,
Бифармоядаш, то суи шаҳриёр
Шавад, то суханҳо кунад ошкор
В-аз он пас суи Зобулистон шавад,
Бар оини хусравпарастон шавад.
Чу Нӯзар бари Соми Найрам расид,
Яке навҷавон паҳлавонро бидид.
Фуруд омад аз асп Соми савор,
Гирифтанд мар-якдигарро канор.
Зи шоҳу зи гурдон бипурсид Сом
В-аз эшон бад-ӯ дод Нӯзар паём.
Чу бишнид пайғоми шоҳи бузург,
Заминро бибӯсид Соми сутург,
Давон сӯи даргоҳ бинҳод рӯй,
Чунон, к-аш бифармуд дайҳимҷӯй.²
Фарози яке пили нар Золи Зар
Нишонду бирондаш сабук сӯи дар,
Чу омад ба наздикии шаҳри шоҳ,
Сипаҳбуд пазира шудаш бо сипоҳ.
Дирафши Манучеҳр чун дид Сом,
Пиёда шуд аз аспу бигзорд гом,
Заминро бибӯсид пас паҳлавон,
Ки ҷовид зӣ шоду равшанравон.
Озаргушасп – оташкадае дар Балх, ки Гуштосп сохтаву Искандар хароб карда будааст.
Дайҳимҷӯй – тоҷхоҳ, шоҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё