Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Фаромуш макун меҳри доя зи дил,
Ки дар дил маро меҳри ту дилгусил!»
1
Дилаш кард пидрому бардошташ,
Гурозон ба абр-андар афрошташ,
Зи парвозаш овард назди падар,
Расида ба зери бараш мӯи сар,
Танаш пилвору рухаш чун баҳор,
Падар, чун бидидаш, бинолид зор,
Фурӯ бурд сар пеши Симурғ зуд,
Ниёиш ҳаме б-офарин барфузуд,
Ки «Эй шоҳи мурғон, туро додгар
Бад-он дод нерӯву зӯру ҳунар,
Ки бечорагонро ҳаме ёварӣ,
Ба некӣ ба ҳар доварон доварӣ,
2
Зи ту бадсиголон ҳамеша нажанд,
Бимон ҳамчунин ҷовидон зӯрманд!»
Ҳамон гоҳ Симурғ бар шуд ба кӯҳ,
Бимонда бар ӯ чашми Сому гурӯҳ.
Пас он гаҳ саропои кӯдак бидид,
Ҳамон тоҷу тахти кайиро сазид,
Бару бозуи шеру хуршед рӯй,
Дили паҳлавон, дасти шамшерҷӯй,
Сапедаш мижа, дидагон қиргун,
Чу буссад лабу рух ба кирдори хун.³
Ҷуз аз мӯй бар вай накӯҳиш набуд,
Бади дигареро пажӯҳиш набуд,
Дили Сом шуд чун биҳишти барин,
Бар он покфарзанд кард офарин.
«Ба ман, эй писар, – гуфт, – дил нарм кун,
Гузашта макун ёду дил гарм кун.
1
Пидром – дар ин ҷо ба маънии шод.
Нажанд – ғамгин, парешон, пажмурда.
Буссад – марҷон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё