Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

«Чи гӯед, – гуфт, – андар ин достон,
Хирад-тон бар ин ҳаст ҳамдостон,

Ки зинда-ст он хурдкӯдак ҳанӯз
В-агар шуд зи сармову меҳри тамуз!»

Ҳар он кас, ки буданд пиру ҷавон,
Забон баркушоданд бар паҳлавон,

Ки «Ҳар, к-ӯ ба Яздон шавад носипос,
Набошад ба ҳар кор некишинос,

Ки бар сангу бар хок шеру паланг,
Чи моҳӣ ба об-андарун ё наҳанг

Ҳама баччаро парваронандаанд,
Ситоиш ба Яздон расонандаанд.

Ту паймони некидиҳиш бишканӣ,
Чунон бегунаҳ баччаро бифканӣ,

Зи мӯи сапедаш дил орӣ ба танг,
Тани равшану покро нест нанг?

Нигар, то нагӯӣ, ки ӯ зинда нест,
Биорою бар ҷустанаш-бар биист,

Ки Яздон касеро, ки дорад нигоҳ,
Зи гармову сармо нагардад табоҳ.

Ба Яздон кунун сӯи пӯзиш гирой,
Ки ӯй аст бар неку бад раҳнамой!»

Бар он буд, ки рӯзи дигар паҳлавон
Суи кӯҳи Албурз пӯяд навон.

Биҷӯяд, магар бозёбад варо,
Ба дил шодкомӣ физояд варо.

Чу шаб тира шуд, ройи хоб омадаш,
К-аз андешаи дил шитоб омадаш,

1
Чунон дид дар хоб, к-аз кӯҳи Ҳанд
Дирафше барафрохтандӣ баланд,

Ғуломе падид омадӣ хубрӯй,
Сипоҳи гарон аз паси пушти ӯй,

Кӯҳи Ҳанд (Ҳинд) – Ҳиндукӯҳ, Ҳиндукуш.

пешина
аз 345
навбатӣ