Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Нигаҳ кард Симурғ бо баччагон
Бар он хурд, хун аз ду дида чакон,

Шигифте, бар ӯ барфиканданд меҳр,
Бимонданд хира бад-он хубчеҳр.

Шикоре, ки нозуктар, он баргузид,
Ки бе шир меҳмон ҳаме хун мазид.

Бад-ин гуна то рӯзгори дароз
Баромад, ки буд кӯдак он ҷо ба роз.

Чу он кӯдаки хурд пурмоя гашт,
Бар он кӯҳ-бар корвонҳо гузашт.

1
Яке мард шуд чун яке зодсарв,
2
Бараш кӯҳи симу миёнаш чу ғарв,

Нишонаш пароканда шуд дар ҷаҳон,
Баду нек ҳаргиз намонад ниҳон.

Ба Соми Наримон расид огаҳӣ
Аз он некпай пур бо фарраҳӣ.

ХОБ ДИДАНИ СОМ АЗ ҲОЛИ ПИСАР

Шабе аз шабон доғдил хуфта буд,
Зи кори замона барошуфта буд.

Чунон дид, к-аз кишвари ҳиндувон
Яке мард бар тозиаспе давон,

Савори сарафрозу гурди тамом,
Фароз омадӣ то ба наздики Сом.

Варо мужда додӣ зи фарзанди ӯй,
Аз он бурзу шохи барӯманди ӯй.³,⁴

Чу бедор шуд, мӯбадонро бихонд
В-аз ин дар сухан чанд гуна биронд,

Бад-эшон бигуфт, он чи дар хоб дид,
Ҷуз он ҳар чи аз корвонон шунид.

1
Зодсарв – сарви озод.
2
Ғарв – най, найе, ки аз он қалам месозанд.
Бурз – қаду қомат.
Шох – маҷозан ба маънии сару дасту по.

пешина
аз 345
навбатӣ