Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Замоне сарангуштро мемакид,
Замоне хурӯшиданӣ мекашид.
Чу Симурғро бачча шуд гурсуна,
Ба парвоз баршуд баланд аз буна,
Яке ширхора хурӯшанда дид,
Замин ҳамчу дарёи ҷӯшанда дид,
Зи хоро-ш гаҳвораву доя хок,
Тан аз ҷома дуру лаб аз шир пок,
Ба гирд-андараш тирахоки нажанд,
Ба сар бар-ш хуршед гашта баланд,
Палангаш будӣ кошкӣ мому боб,
Магар сояе ёфтӣ з-офтоб.
Фуруд омад аз абр Симурғу чанг
Бизад, баргирифташ аз он гармсанг,
Бибурдаш дамон то ба Албурзкӯҳ,
Ки будаш дар он ҷо куноми гурӯҳ.¹
Суи баччагон бурд, то бишкаранд,
Бад-он нолаи зори ӯ нангаранд.
Бибахшуд Яздони некидиҳиш,²
Яке буданӣ дошт андар бувиш.³
Касеро, ки Яздон нигаҳдор шуд,
Чи шуд, гар бари дигаре хор шуд.
Ба Симурғ омад садое падид,
Ки «Эй мурғи фархундаи покдид,
Нигаҳ дор ин кӯдаки ширхор,
К-аз ин тухми мардӣ дарояд ба бор,
Зи пушташ ҷаҳонпаҳлавону радон
Биоянд монанди шери жиён.
Супурдем ӯро дар ин кӯҳсор,
Бибин, то чи пеш оварад рӯзгор!»
1
Куном – лона; бошишгоҳи дарандагон.
Диҳиш – бахшиш, ато, саховат.
Бувиш – будан, ҳастӣ, ҳаёт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё