Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Бипечад ҳаме тира ҷонам зи шарм,
Биҷӯшад ҳаме дар танам хуни гарм,
Аз ин бачча – чун баччаи Аҳриман,
Сияҳчашму мӯяш ба сони суман
Чу оянду пурсанд гарданкашон,
Бубинанд ин баччаи баднишон,
Чи гӯям, ки ин баччаи дев чист,
Паланги дуранг аст, ё худ парист?
Биханданд бар ман меҳони ҷаҳон
Аз ин бачча дар ошкору ниҳон.
Аз ин нанг бигзорам Эронзамин,
Нахоҳам бар ин буму бар офарин!» –
Бигуфт ин ба хашму битобид рӯй,
Ҳаме кард бо бахти худ гуфтугӯй.
Бифармуд пас, то-ш бардоштанд,
Аз он буму бар дур бигзоштанд.
Яке кӯҳ буд, номаш Албурзкӯҳ,
Ба хуршед наздику дур аз гурӯҳ,
Бад-он ҷой Симурғро лона буд,
Ки он хона аз халқ бегона буд,
Ниҳоданд бар кӯҳу гаштанд боз,
Баромад бар ин рӯзгори дароз,
Чунон паҳлавонзодаи бегуноҳ
Надонист ранги сапед аз сиёҳ.
Падар меҳр бибриду бифканд хор,
Чу бифканд, бардошт Парвардгор,
Яке достон зад бар ин модашер,
Куҷо карда буд бачча аз шир сер,
Ки «Гар ман туро хуни дил додаме,
Сипос эч бар сар-т нанҳодаме,
Ки ту худ маро ҳамчу ҷону дилӣ,
Дилам бигсилад, гар зи ман бигсилӣ!»
Ҳамон хурдкӯдак бад-он ҷойгоҳ
Шабу рӯз афтода буд бепаноҳ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё