Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Шабистони он номвар паҳлавон,
Ҳама пеши он хурдкӯдак навон

Касе Соми ялро наёрист гуфт,
Ки фарзанди пир омад аз хубҷуфт.

Яке доя будаш ба кирдори шер,
Бари паҳлавон-андар омад далер.

Ки «Бар Соми ял рӯз фархунда бод,
Дили бадсиголони ӯ ганда бод!

Бидодат Худой, он чи мехостӣ,
Ҳаме ҷон бад-ин хоҳиш оростӣ,

Паси пардаи ту, аё номҷӯй,
Яке пок пур омад аз моҳрӯй,

Танаш нуқраи поку рух чун биҳишт,
Бар ӯ-бар набинӣ як андоми зишт.

1
Зи оҳу ҳамон, к-аш сапед аст мӯй,
Чунин буд бахши ту, эй номҷӯй!»

Фуруд омад аз тахт Соми савор,
Ба парда даромад суи навбаҳор,

Яке пирсар пури пурмоя дид,
Ки чун ӯ на диду на аз кас шунид.

Чу фарзандро дид мӯяш сапед,
Бибуд аз ҷаҳон яксара ноумед,

Битарсид сахт аз пайи сарзаниш,
Шуд аз роҳи дониш ба дигар маниш.²

Суи осмон сар баровард рост
В-аз он кардаи хеш зинҳор хост,

Ки «Эй бартар аз кажжию ростӣ,
Беҳӣ з-он физояд, ки ту хостӣ!

Агар ман гуноҳе гарон кардаам
В-агар кеши Оҳарман овардаам,

Ба пӯзиш магар Кирдгори ҷаҳон
Ба ман-бар бубахшояд андар ниҳон!

Оҳу – айб, нуқсон.
Маниш – табиат, сиришт.

пешина
аз 345
навбатӣ