Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Замин бистару хок болини ӯй,
Шуда тира равшан ҷаҳонбини ӯй,
Дари бор баста, кушода забон,
Ҳамегуфт зор: «Эй набарда ҷавон,
Кас аз тоҷдорон бад-ин сон намурд,
Ки ту мурдӣ, эй номбардор гурд –
Саратро бурида ба хор Аҳриман,
Танатро шуда коми шерон кафан!»
Хурӯшу фиғону ду чашми пуроб
Зи ҳар дому дад бурда орому хоб.
Саросар ҳама кишвараш марду зан,
Ба ҳар ҷой карда яке анҷуман,
Ҳама дида пуробу дил пур зи хун,
Нишаста ба тимору дард-андарун,
Чи моя чунин рӯз бигзоштанд,
Ҳама зиндагӣ марг пиндоштанд…
ГУФТОР АНДАР ЗОДАНИ ЗОЛ
Кунун пуршигифтӣ яке достон
Бипайвандам аз гуфтаи бостон.
Нигаҳ кун, ки мар-Сомро рӯзгор
Чи бозӣ намуд, эй писар, гӯш дор.
Нигоре буд андар шабистони ӯй,
Зи гулбарг рух дошту аз мушк мӯй.
Аз он моҳаш уммеди фарзанд буд,
Ки хуршедчеҳра барӯманд буд.
Зи модар ҷудо шуд бад-он чанд рӯз,
Нигоре чу хуршеди гетифурӯз,
Ба чеҳра накӯ буд бар сони шед,
Валекин ҳама мӯй будаш сапед.
Зи модар писар чун бад-ин гуна зод,
Накарданд як ҳафта бар Сом ёд.
Ҷаҳонбин – чашм.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё