Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Барафшонд бар тахт хоки сиёҳ,
Ба кайвон баромад фиғони сипоҳ,

Ҳамекард ҳӯйу ҳамеканд мӯй,
Ҳамерехт ашку ҳамехаст рӯй,

Миёнро ба зуннори хунин бибаст,
Фиканд оташ андар сарои нишаст,

Гулистон-ш барканду сарвон бисӯхт,
Ба якборагӣ чашми шодӣ бидӯхт,

Ниҳода сари Эраҷ андар канор,
Сари хеш карда суи Кирдгор,

Ҳаме гуфт, к-«Эй довари додгар,
Бад-ин бегунаҳкушта-андар нигар!

Ба ханҷар сараш хаста дар пеши ман,
Танаш хӯрда шерони он анҷуман!

1
Дили ҳарду бедодгар он сон бисӯз,
Ки ҳаргиз набинанд ҷуз тирарӯз!

Ба доғи ҷигаршон кунӣ ожада,²
Ки бахшоиш орад бар эшон дада!³

Ҳамехоҳам, эй довари Кирдгор,
Ки чандон амон ёбам аз рӯзгор,

Ки аз тухми Эраҷ яке номвар
Бубинам абар кина баста камар,

Чу ин бегунаҳро буриданд сар,
Бибуррад сари он ду бедодгар!

Чу дидам чунин, з-он сипас шоядам,
Куҷо хок боло бипаймоядам!»

Бар ин гуна бигрист чандон ба зор,
Ҳаме то гиё русташ андар канор,

1 Дар чанд нусхаи зери даст сактаи вазн аст. Шояд «Дили ҳарду бедодгарро бисӯз»
бошад.
2 Ожада (озада) – сӯрох.
Дада – дад, ҳайвони даранда. Яъне, чунонашон бикунӣ, ки дили даранда ба ҳолашон бисӯзад.

пешина
аз 345
навбатӣ