Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Бад-ин-андарун буд шоҳу сипоҳ,
Яке гарди тира баромад зи роҳ,
Ҳаюне бурун омад аз тира гард,
Нишаста бар ӯ-бар саворе ба дард,
Хурӯше баромад аз он сӯгвор,
Яке зарртобуташ андар канор…
Зи тобут чун парниён баркашид,
Бурида сари Эраҷ омад падид,
Биафтод аз асп Офаридун ба хок,
Сипаҳ сар ба сар ҷома карданд чок,
Сияҳ шуд рухон, дидагон шуд сапед,
Ки дидан дигаргуна буд аз умед.
Чу хусрав аз ин гуна омад зи роҳ,
Чунин бозгашт аз пазира сипоҳ,
Дарида дирафшу нагун карда кӯс,
1
Рухи номдорон шуда обнӯс,
2
Табира сияҳ кардаву рӯи пил,
Пароганда бар тозиаспон-ш нил,
Пиёда сипаҳбуд, пиёда сипоҳ,
Пур аз хок сар, баргирифтанд роҳ,
3
Хурӯшидани паҳлавонон ба зард,
Канон гушти бозӯ бар он зодмард…
Сипаҳ доғдил, шоҳ бо ҳойу ҳӯй,
Суи боғи Эраҷ ниҳоданд рӯй,
Ба рӯзе куҷо ҷашни шоҳон будӣ,
Варо бештар ҷашнгоҳ он будӣ.
Фаридун сари шоҳпури ҷавон,
4
Биомад, ба бар баргирифта навон,
Бар он тахти шоҳаншаҳӣ бингарид,
Сари тахтро тира бешоҳ дид…
1
Обнӯс – аслан дарахтест сиёхранг; маҷозан ба маънои сиёҳ, тира, гирифта.
2
Табира – нақора, табл.
Зард – ноумедӣ.
Дар ин ҷо ба маънии қоматхамида, шикаста.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё