Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Ба хуни бародар чи бандӣ камар,
Чи сӯзӣ дили пиргашта падар?!
Ҷаҳон хостӣ, ёфтӣ, хун марез,
Макун бо ҷаҳондор Яздон ситез!»
Сухан чанд бишниду посух надод,
Дилаш буд пурхашму сар пур зи бод,
Яке ханҷар аз мӯза берун кашид.
Саропои ӯ чодари хун кашид,
Бад-он тез заҳробгун ханҷараш
Ҳаме кард чок он кайонӣ бараш,
Фуруд омад аз пой сарви саҳӣ,
Гусаст он камаргоҳи шоҳаншаҳӣ,
Давон хун бар он чеҳраи арғувон,
Шуд он номвар шаҳриёри ҷавон,
Сари тоҷвар аз тани пилвор
Ба ханҷар ҷудо карду баргашт кор...
Биоганд мағзаш ба мушку абир,
Фиристод назди ҷаҳонбахши пир,
Чунин гуфт, к-«Инак, сари он баноз,
Ки тоҷи ниёгон бад-ӯ гашт боз,
Кунун хоҳ тоҷаш деҳу хоҳ тахт,
Шуд он соягустар кайонидарахт!»
Бирафтанд боз он ду бедоди шум,
Яке сӯи Чин шуд, яке сӯи Рум.
ОГОҲӢ ЁФТАНИ ФАРИДУН
АЗ КУШТА ШУДАНИ ЭРАҶ
Фаридун ниҳода ду дида ба роҳ,
Сипоҳу кулоҳ орзӯманди шоҳ.
Чу ҳангоми баргаштани шоҳ буд,
Падар з-он сухан худ кай огоҳ буд.
Ҳаме шоҳро тахти пирӯза сохт,
Ҳамон тоҷро гавҳар-андар нишохт…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё